ОЛИМИ ҶАВОН МИРБОБОЕВ ШУХРАТ ҶУРАБОЕВИЧ САЗОВОРИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИД

Санаҳои 25 – 26 апрели соли 2025 дар Донишкадаи политехникии Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони рушди ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии дастовардҳои муосир дар соҳаҳои муҳандисӣ ва табиӣ баргузор гардид.

Дар ин форуми бонуфуз олими ҷавон, номзади илми техникӣ, дотсент Мирбобоев Шухрат Ҷурабоевич, ки дар вазифаи мудири кафедраи “Геология ва корҳои нафту газ”-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият дорад, бо маърӯзаи илмии пурмуҳтаво дар мавзӯи:

«Нефтегазовый потенциал Северного Таджикистана: проблемы и решения»

баромад намуд. Дар маърӯзаи худ муҳтарам Мирбобоев Ш.Ҷ. потенсиали истифоданашудаи захираҳои нафту гази шимоли Тоҷикистонро бо таҳлили амиқи илмӣ ба баррасӣ гирифта, мушкилоти асосии соҳа, аз ҷумла масоили ҷустуҷӯ ва истифодаи самараноки ин захираҳоро равшан баён намуд.

Ғайр аз ин, дар гузориши ӯ роҳҳои муосир ва инноватсионии ба коргирии технологияҳои ҷаҳонӣ дар саноати нафту гази кишвар пешниҳод гардиданд. Маърӯзаи илмӣ дар сатҳи баланд омода ва пешниҳод шуд ва таваҷҷуҳи васеи иштирокчиёни форуми байналмилалиро ба худ ҷалб намуд.

Бо назардошти муҳтавои илмӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ва саҳми арзандаи шахсии номбурда, Мирбобоев Ш.Ҷ. сазовори Сертификати байналмилалӣ гардида, дар арсаи илмии байналмилалӣ обрӯи муассисаи таълимии ватаниро баланд бардошт.

Дастоварди мазкур на танҳо нишондиҳандаи сатҳи баланди касбӣ ва илмии олимони ҷавони тоҷик, балки шаҳодати фаъолнокии онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

 

Мирсаидова Ф.А.

н.и.и., сардори раёсати илм ва инноватсия