Бо ташаббуси раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии донишкада бахшида ба “РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК” аз санаи 15.04.2025сол то 25.04.2025 сол дар донишкада “ҲАФТАИ ИЛМ ” баргузор гардид.
Санаи 15.04.2025с. масъули робита бо ҷомеаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Хезер Беггс бо сафари корӣ ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф овард.Дар доираи ташриф вохӯрии судманд бо роҳбарият ва намояндагони бахши ҳамкориҳои байналмилалии донишкада баргузор гардид. Мавзӯи асосии мулоқот баррасии имконоти ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ИМА буд. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи донишҷӯён ва устодон, омӯзиш дар зинаҳои магистратура ва докторантура, инчунин лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотиро муҳокима карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши забони англисӣ зоҳир карда шуд. Хонум Беггс ба зарурати таҳкими омӯзиши забони англисӣ ва ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба барномаҳои байналмилалӣ таъкид намуд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки бо дастгирии сафорат курсҳои омӯзишии забони англисӣ ташкил ва дастрасӣ ба маводи таълимии муосир фароҳам карда шавад.
Санаҳои 16–17.04.2025с. даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин давр 110 нафар довталаб иштирок намуданд, ки 37 нафари онҳо аз рӯи ҳафт номинатсия ба даври шаҳрии озмун роҳхат рифтанд.
Санаи 16.04.2025с. вебинари илмӣ-татбиқӣ таҳти унвони «Таҳияи унсурҳои истифодабарандаи Системаи энергетикии электронии (СЭЭ) дар ПАК ЦДЭС барои моделсозии равандҳои гузариши СЭЭ дар реҷаи вақти воқеӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни вебинар иштирокчиён бо имкониятҳои нави функсионалии ПАК ЦДЭС шинос гардиданд ва тарзу усули таҳияи унсурҳои истифодабарандаи Системаи энергетикии электронӣ барои моделсозии равандҳои гузариш дар реҷаи вақти воқеӣ омӯзонида шуд.
Михаил Александрович Генералин, директори генералии ЗАО «ЭнЛАБ», баромади муфассал намуда, масоили техникию амалии татбиқи СЭЭ дар шароити муосирро тавзеҳ дод.
Вебинар дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба густариши донишу малакаҳои амалӣ дар соҳаи энергетикаи рақамӣ мусоидат намуд.
Санаи 18.04.2025с. мулоқоти мудири кафедраи металлургия Раҳимзода Ҳ.Ш. бо хатмкунандагони кафедра дар корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» баргузор шуд. Корхонаи мазкур яке аз калонтарин иншооти саноатии кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти саноати кӯҳӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Санаи 19.04.2025с. бахшида ба Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф (солҳои 2020–2040)”, семинари илмӣ-амалии факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ироа намуданд. Баъдан бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд:
– Ҷӯмаев Ш.Ш., номзади илмҳои химия, кафедраи экология – «Усулҳои муосири тадқиқоти пайвастагиҳои химиявӣ»;
– Саидов М.К., номзади илмҳои иқтисодӣ, кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ – «Мавқеи тиҷорати электронӣ дар шароити муосир ва нақши он дар коҳиши коррупсия»;
– Симоненко Л.Ф., омӯзгор, кафедраи забонҳои хориҷӣ ва забони тоҷикӣ – «Масъалаҳои илмӣ-методӣ дар омодасозии мутахассисони соҳаи техникӣ дар донишгоҳҳо».
Семинари илмӣ бо ҷамъбасти маърӯзаҳо ба анҷом расид.
Санаи 22.04.2025с. дар назди кафедраи геология ва корҳои нафту газ маҳфили илмии “Ганҷшинос” таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедра Туйчиев Ғ.Т. баргузор гардид.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии роҳбари он Туйчиев Ғ.Т. оғоз гардид. Сипас, донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси 510101 — геология ва иктишофи канданиҳои фоиданок, Мирбобоева Ш.М., бо маърузаи илмӣ таҳти унвони “Таснифоти чинсҳои таҳшинӣ ва муаммоҳои муосири геологӣ” баромад намуд.
Маъруза сатҳи баланди таҳлили назариявӣ дошта, масъалаҳои марбут ба пайдоиш ва таҳаввули чинсҳои таҳшинӣ, равандҳои диагенез, метагенез ва катагенезро фаро гирифт.
Дар сухани ҷамъбастӣ дотсент Мирбобоев Ш.Ҷ. баргузории чунин маҳфилҳоро барои ташаккули қобилияти таҳлилӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд.
Санаи 24 апрели соли 2025 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — заминаи асосӣ барои саноатикунонии мамлакат» баргузор гардид. Конференсия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Донишкада бахшида шуда, дар он раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва намояндагони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар иштирок намуданд.
Пеш аз оғози конференсия дар Донишкада намоиши “Дарҳои кушод” бо иштироки Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 30 корхонаи саноатии ҳамкор бо ширкати фаъолона дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолӣ иштирок намуданд.
Роҳбари шаҳр зимни суханронии хеш аз роҳандозии чунин иқдоми наҷиб ба роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон изҳори сипосмандии хешро баён намуд. Гуфта шуд, ки ба таъбири ҳикматбори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Роғун рамзи сарҷамъии миллат, ифтихори ватандорӣ ва кафили пешрафти Тоҷикистон аст”.
Баъдан дар толори Донишкада конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ оғоз ёфт, ки дар он аҳаммият ва нақши нерӯгоҳи Роғун дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар таъкид гардид.
Сипас, маърӯзаҳои илмӣ-амалӣ аз ҷониби шахсони зерин шунида шуданд:
Саидзода Масрур Мирзохон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бо маърӯзаи худ таҳти унвони «НБО Роғун – сарчашмаи нур ва иншооти аср»;
Ваҳобов Обиддин Исомиддинович, муҳандиси пешбари шӯъбаи эътимодият ва амнияти фаннии филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон, бо маърӯзаи «Сарфаи энергия ва истифодаи самараноки он»;
Умарҷонов Абдусафо Абдунаимович, номзади илмҳои техникӣ, иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии ДКМТ, бо маърӯзаи «Мошинсозии рақамии Тоҷикистон».
Бо иқдоми ректори донишкада д.и.и. профессмор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ба 30 корхонаи саноатӣ аз ҷумла ҶМТКММ “Апрелевка” , ҶДММ КМ «Зарафшон», Вен Яфен, ҶСК “Ангишт” ш. Исфара, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» н. Айнӣ , ҶММ ТА КМ «Анзоб» н. Айнӣ, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ш. Бӯстон, КФ ЗЗК «Зари Суғд» -и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ҶСП «Норд Азия Металл», ҶДММ «Суғд Пак» дар ш. Бӯстон, ҶДММ «Тоҷфилиз» ш. Бӯстон, ҶДММ «Хубҷамъ Инвест”, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” ш. Гулистон, ҶДММ «Суғд Семент», ҶМДММ «Петролеум Суғд», ҶСК “Суғднафтугаз” ш.Исфара, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд, КДФ «Суғдзаминсоз» ш.Хуҷанд, КДФ «Аэрогеодезия» ш. Хуҷанд , «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Филиали ҶСП бонки «Арванд» дар ш. Хуҷанд, ФҶСК бонки «Эсхата» дар ш. Бӯстон, Филиали 38-и КВД БАҶТ «Амонатбонк» дар ш. Бӯстон, Филиали ҶСК «Ориенбонк» дар ш. Бӯстон, ҶДММТАҚҲ «Азизӣ-Молия», ҶДММ «Озода косметикс» н.Б.Ғафуров, Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар вилояти Суғд, Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар шаҳри Бӯстон барои ҳамкориҳои судманд Сипосномаҳо супорида шуд.
Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои илмӣ-амалӣ, густариши ҳамкориҳои муассир миёни соҳаи илм ва истеҳсолот, инчунин муаррифии нақши калидии НБО «Роғун» дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар, баргузор гардид.
Санаи 25.04.2025с. маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Кори маҳфил бо сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён Норбобоева Г. оғоз ёфт. Донишҷӯёни зерин бо маърузаҳои худ баромад намуданд:
- Назарзода Муҳаммадиқбол, донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 400301, бо маъруза дар мавзӯи «Сравнение языков программирования С и Python» бо забони русӣ;
- Давлатов С., донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 480101, бо маъруза дар мавзӯи «Ҳалли масъалаҳо бо ёрии гугирдчӯбҳо».
Баромадҳои донишҷӯён бо презентатсияҳо пешниҳод гардиданд. Баъд аз баромадҳо, аз ҷониби аъзоёни маҳфил ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод шуданд, ки ҷавоби сатҳи олӣ аз тарафи баромадчиён дода шуд.
Муовини ректор оид ба илм, инноватсия
ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.т., Раҳимова Ш.К.