Баргузории шанбегӣ аз ҷониби факултети металлургия

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ аз ҷониби факултети металлургия гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур донишҷӯёну омӯзгорон хатти роҳравҳоро сафед намуда, гирду атрофро аз алақаҳои бегона, партовҳо тоза намуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз омӯзгорон дар минтақаи кишоварзӣ чанд ҷӯй сабзиҷот низ кишт намуда, гулҳои ороишӣ шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи 15- рӯзи ободонӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар донишкада як қатор корҳои созандагӣ сурат мегирад ва ҳамзамон ҳамарӯза шанбегӣ гузаронида мешавад.