Тақдими таҷҳизот аз ҷониби профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба IT маркази кафедраи ФТИ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, сардори қисми хоҷагидорию маъмурӣ Розиқов Абдусамад моноблокҳои навро, ки ба тозагӣ вориди донишкада гардид ба мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки акнун бо ин моноблокҳо дар заминаи кафедраи мазкур IT-марказ ифтитоҳ меёбад, ки минбаъд донишҷӯён метавонанд аз озмоишгоҳи виртуалӣ бемамониат истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ректори донишкада зимни ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи 9-моҳа дастур дод, ки маркази мазкур 24 соат фаъолият кунад ва донишҷӯён озодона онро истифода баранд.