Мулоқоти роҳбарияти донишкада бо намояндагони Филиали Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд дар Олмалиқ

Дирӯз, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин намояндагони филиали Донишгоҳи давлатӣ техникии Тошканд дар Олмалиқро ба ҳузур пазируфта, мулоқот намуданд. Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби донишкада ба ҷуз муовини аввал, ҳамчунин сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ  Муҳаммадиев Акбархон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули ва аз ҷониби Ӯзбекистон Холиқулов Д.Б., Тоштемиров К.К., Сражидинов И.Ф. ва Розметов Х.Э. ширкат намуда, перомуни  ҳамкориҳои минбаъда суҳбат намуданд.

Ҷонибҳо дар мулоқоти мазкур ба хулоса расиданд, ки минбаъд робитаҳои илмиро густариш дода, маҷмӯаҳои пажӯҳишии олимонро дар якҷоягӣ ба нашр мерасонанд, то донишомӯзони ҳар ду кишвар аз он баҳра гиранд.

Ёдовар мешавем, ки робитаҳои донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалӣ имрӯзҳо афзоиш гардида, длар ин самт муваффақиятҳои зиёде ба даст омадааст.

Шуъбаи иттилоот