АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” аз ҷониби донишҷӯёни ДКМТ

30 апрели соли 2022 дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо иштироки аъзоёни маҳфили “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат”- ва ТҶ Ҷавонон созандагони Ватан – и назди бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи куҳӯю металлургии Тоҷикистон дар ду оромгоҳи ҳудуди шаҳр аксияи тозагии “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.

Дар ин маъракаи муҳими ободонӣ зиёда аз 60 нафар ҷавонон иштироки фаъолона ва дастаҷамъона карда, оромгоҳҳои шаҳрро аз алафҳои хушкшуда ва хору хасҳо тоза намуда, тамоми дохил ва атрофи қабристонҳо тоза намуда, бехҳои дарахтони ҳамешасабзро нарм намуданд.