Ширкати ректори донишкада дар гусели наваскарони шаҳри Бӯстон

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовинон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён дар маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Бӯстон ширкат намуданд.
Дар ин маъракаи муҳим ба ҷуз аз и.в. раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал -майори милитсия Абдулло Навҷувонов, прокурори шаҳр генерал -майори адлия Абдулҳасаниён А., сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон генерал-майори милитсия Искандарзода М., сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Бӯстон капитан Сангинзода Н., комиссари ҳарбӣ полковник Солеҳзода Д. ширкат намуданд.