Хониши сиёсӣ дар факултети электромеханика

Дар факултети электромеханикаи ДКМТ бахшида ба Рӯзи Президент хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва информатика гузаронида шуд, нахуст мудири кафедра Ҷӯраева Х. Ю доир ба мавхӯи “Забони миллат-ҳастии миллат” баромад намуда, аҳамият ва суханони ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллатро ба ҷавонон шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки асари бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” беҳтарин пажӯҳиш ва як дорулфунуни илмӣ  ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар маърӯза аз қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат баҳри ба даст овардани сулҳ ёдрас шуда, қайд намуданд, аз вазнинтарин шароит  ва вазъи бад, имрӯз бо шарофати Пешвои муаззами миллат халқи тоҷик баромад ва соҳиби зиндагии шоиста гардид.

Ҳамзамон дар ин ҳамоиш устодону донишҷӯён дар мавзӯъҳои гуногун вобаста ба кору пайкори Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд.