Дар шароити муосир, дар шароити шиддатнок ва мураккаб гаштани сохтор равандҳои истеҳсолӣ, истифодабарии оммавии ускунаҳои инноватсионии баландтехнологӣ вазифаи таҳқиқ ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ хеле аҳамиятнок мегардад [1, с. 432]. Тартибдиҳии модели раванди истеҳсолӣ ва арзёбии минбаъдаи натиҷаҳои дар раванди фаъолият ноилшаванда ҷабҳаи муҳими назарияи автомаконии равандҳои истеҳсолӣ ба шумор меравад. Мураккабии вазифаи мазкур бо сохтори маҷмӯавии равандҳои истеҳсолӣ, бо ғайрихаттӣ ва мураккабии онҳо, мавҷудияти маҳакҳои муқобили арзёбии самараноки кори низом, мавҷуд набудани равиши умумии идоракунии истеҳсолот (бисёр усулҳои мавҷуда танҳо нисбати доираи маҳдуди вазифаҳо истифода мешаванд) шарҳ дода мешавад.
Равандҳои истеҳсолии муосир минтақаҳои истеҳсолии бо ҳамдигар алоқамандбударо дар бар мегиранд, ки дар онҳо барои ба даст овардани маҳсулоти тайёр амалиётҳои гуногун гузаронида мешаванд. Натиҷаҳои равандҳои истеҳсолиро бо ёрии нишондиҳандаҳои гуногун арзёбӣ кардан мумкин аст. Барои идоракунии равандҳои истеҳсолӣ ташаккулдиҳии модели этелонии онҳо зарур аст, ки бо дақиқии зарурбуда сохтор ва хусусиятҳои равандҳои истеҳсолии воқеиро шарҳ медиҳад. Бояд қайд намуд, ки сохтори равандҳои истеҳсолии воқеӣ дар истеҳсолоти муосир дар зери таъсири омилҳои гуногуни беруна ва дохила дар сатҳи назаррас тағйир ёфтанаш мумкин аст. Ҳолати мазкур истифодабарии усулҳои таҳлилиро аз сабаби зарурияти аз нав сохторикунонии шарҳи математикии объекти идоракунӣ ғайрисамаранок мегардонад.
Ғайр аз ин,барои истифодабарии усулҳои таҳлилӣ доштани донишҳои махсус дар самти моделиронии математикӣ ва омори математикӣ зарур мебошад. Ба шахсоне, ки бо идоракунии равандҳои истеҳсолӣ машғул мебошанду донишҳои махсусро надоранд, барои тартибдиҳии модели равандҳои истеҳсолӣ ҷалб намудани мутахассисони иловагии дар раванди истеҳсолӣ машғулнабуда зарур мебошад. Дар байни мақсадҳои идоракунии равандҳои истеҳсолӣ ва натиҷаҳои ҳалли вазифаҳои идоракунӣ эҳтимолияти пайдоиши номутобиқатӣ мавҷуд мебошад.
Барои тартиб додани модели эътимодноки раванди истеҳсолӣ усули ҷузъии моделиронии имитатсионӣ интихоб карда шудааст [2, с. 847; 3, с. 400].
Мақсади раванди истеҳсолӣ ин ба даст овардани натиҷаи истеҳсолии муқарраргардида мебошад [4]. Вале мақсади раванди истеҳсолиро ҳам бо хароҷотҳои расидан ба мақсадҳои мазкур ва ҳам бо эҳтимолияти ноил нагардидан ба онҳо ҳангоми параметрҳои истеҳсолии муқарраргардида ва сохтори мавҷудаи раванди истеҳсолӣ муқоиса намудан ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар равандҳои истеҳсолӣ ҳама вақт хатари ба даст наовардани натиҷаи диххоҳ мавҷуд мебошад. Тибқи анъана идоракунии хатарҳо дар равандҳои истеҳсолӣ дар соҳаи илми иқтисод амал мекунад, вале усулҳои онҳо хусусияти дақиқӣ ва ҳамаҷонибагии истифода надоранд, азбаски одатан ҳангоми татқиқи равандҳои истеҳсолӣ ба ақидаҳои экспертӣ такя менамоянд [5, с. 352].
Ҳангоми таҳлили равандҳои истеҳсолӣ масъалаи сатҳи устувории натиҷа, ки аз ҷониби низоми лоиҳашаванда дода мешавад, ба вуҷуд меояд [5, с. 241]. Масъалан, дар ҳар як минтақаи давраи истеҳсолӣ ба инобат гирифтани эҳтимолияти истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар ин ҷода, эҳтимолияти истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор бузургии миёнаи миқдори ҷузъиётҳои сифатноки истеҳсолшуда дар байни тамоми гуруҳи маҳсулотҳоро инъикос менамояд. Вале, дар ҳолати воқеӣ нисбат ба бузургии эҳтимолӣ хеле паст ё баръакс, баланд шуданаш мумкин аст. Агар шахсони қарори идоравӣ қабулкунанда барои дақиқтар пешгӯи намудани натиҷаҳои равандҳои истеҳсолӣ кӯшиш намоянд, он гоҳ бояд тамоми вариантҳои тамоюлҳои истеҳсолиро ҳангоми ташкили раванди истеҳсолии мазкур тасаввур карда тавонад.
Барои ба даст овардани тасаввуроти пурра оид ба талаф ва фоидаи эҳтимолпазир, баррасӣ намудани тамоми самтҳои натиҷаҳои истеҳсолӣ, хориҷ намудани он натиҷаҳое, ки ноилшавиашон мушкил аст, инчунин ба даст овардани маҷмӯи муайяни натиҷаҳо, ки дар асоси онҳо қарорҳои идоравӣ қабул кардан мумкин аст, зарур мебошад. Дар натиҷа, коҳишёбӣ ё афзоиши самтҳои натиҷаҳои эҳтимолпазир аз зиёд ё кам шудани хатарҳои равандҳои истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад.
Тафтиши бисёрмаротибаи мисолҳои назоратӣ дар модел ҳангоми шартҳои ибтидоии якхела ва ташкили якхелаи равандҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки аввало, оид ба натиҷаҳои истеҳсолии эҳтимолпазир – аз беҳтарин то бадтарин – тасаввурот ба даст оварда шавад. Ғайр аз ин, усули мазкур имконияти муайян намудани вариантҳои интиҳодии имконпазири самтҳои истеҳсолӣ, ки ҳангоми онҳо талаф зиёд маӣсуб меёбад, медиҳад, инчунин барои арзёбии эҳтимолияти ҳодисаҳои мазкур мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, бо ёрии олотҳо шахсони қарор қабулкунанда имконияти муфассал тасаввур намудани оқибатҳои қарорҳои қабулшаванда, арзёбии хатарҳо ва қабули чорабиниҳо барои коҳишдиҳии онҳоро пайдо мекунанд. Азбаски графики истеҳсолиро дар нуқтаи дилхоҳ мушоҳида намудан мумкин аст, имконияти пайдо намудани он ҷойҳое, ки эҳтимолияти нарасидан ба натиҷаи муқарраргардида хеле баланд аст, ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, унсурҳои беэътимоди раванди истеҳсолот муайян карда мешаванд.
Барои ҳалли муаммои дар боло қайдгардида усули дақиқи муҳандисии арзёбии хатарҳои равандҳои истеҳсолӣ таҳия карда шудааст, ки ҷиҳати арзёбӣ намудани ба даст овардани ин ё он натиҷаи раванди истеҳсолӣ ва расидан ба мақсади он мусоидат менамояд.
Унсурҳои намунавии универсалӣ ҷудо карда шудаанд, ки барои намунаҳои гуногуни истеҳсолот ва барои тартибдиҳии моделҳои равандҳои истеҳсолӣ хос мебошанд, инчунин усулҳои ҳалли вазифаҳои идоракунии хатарҳои истеҳсолӣ бо ёрии онҳо таҳим карда шудаанд.
Вазифаи мазкур ба ду зервазифаҳои мазкур ҷудо карда шудааст.
- Якум, барои кохти моделҳои равандҳои истеҳсолӣ олотҳо ташкил карда шудааст, махсусан: низоми автоматиконидашуда барои балоиҳагирӣ ва шарҳи автоматии хусусият ва рафтори модули компютерии сохтори раванди истеҳсолӣ сохта шудааст, ки аз моделҳои бунёдии унсурҳои расмии истеҳсолот иборат мебошад. Ба онҳо дохил мешаванд:
А) маҷмӯи унсурҳои намунавии универсалии истеҳсолот ва робитаҳои байни унсурҳои мазкур, ки барои корхонаҳои шаклҳои гуногун хос буда, намудҳои гуногуни ҷараёнҳои тавассути зинаҳои сохтории корхона (моддӣ, энергетикӣ, кадрӣ, молиявӣ) гузарандаро шарҳ медиҳанд;
Б) конструктор ва шарҳдиҳандаи модели идоракунии равандҳои истеҳсолӣ;
В) олоти конструктор, ки барои тартибдиҳии модели истеҳсолоти аз лиҳози технологӣ мураккаби дорои зина ва робитаҳои ғайрихаттӣ мусоидат менамояд;
Г) олоти унсурҳои хизматрасон, ки бо ёрии он шахси қарор қабулкунанда параметрҳои унсурҳои равандҳои истеҳсолиро муқаррар менамояд (ҳосилнокӣ, шаклҳои гуногуни раддияҳо, маҳдудиятҳо, мақсадҳои гузошташуда) ва барои мушоҳидаи натиҷаҳо унсурҳоро муқаррар менамояд;
Д) алгоритми санҷиши моделҳо ҷиҳати дурустии онҳо бо истифодаи як қатор мисолҳои санҷишӣ.
- Дуюм, мафҳуми расмии хатари истеҳсолӣ ташаккул дода шудааст ва усулҳои арзёбии хатарҳои бо модели сохторҳои раванди истеҳсолӣ алоқамандбуда пешниҳод карда шудааст, ки ба он дохил мешаванд:
А) усули ҳисобкунии арзёбии интегралии хатарҳои истеҳсолии корхона;
Б) олотҳо барои инъикоси графикии хатарҳо;
Олотҳои сохти моделҳои равандҳои истеҳсолӣ бо усули арзёбии хатарҳои барои ислоҳкунии фаврии сохтори корхона, параметрҳои истеҳсолӣ ва мушоҳидаи таъсири онҳо ба арзёбии интегралии хатарҳо гузаронидашаванда алоқаманд мебошанд.
Ҳамин тавр, олоте сохта шудааст, ки ба шахсони қарор қабулкунанда ҷиҳати мустақилона сохтани моделҳои равандҳои истеҳсолӣ, гузаронидани моделиронии онҳо бо параметҳо, сохторҳо ва дақиқии муқарраргардида, ҷиҳати ҳаллу фасл намудани вазифаҳои гуногуни идоракунӣ, ояндабинии сатҳи номуайянии ноилшавӣ ба мақсадҳои истеҳсолии гузошташуда ва вариантҳои имконпазири рушди вазъи истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Абдураҳмонова Азизахон Икромовна
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

 
                                   
                                   
                                  