Таърих

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
 
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24 апрели соли  2006, № 1737 таъсис дода шуда, мавқеъи ҷойгиршавии он дар заминаи моддӣ- техникии собиқ Коллеҷи куҳӣ–металлургии шаҳри Чкалов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.05.2006с., № 210 муайян карда шудааст. Донишкада дар шаҳри Бӯстон ҷойгир буда, Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ №0002202, аз санаи 12.12.2016с., №2752 ва Аккредитатсияи давлатии  Т-ИФ №0002244 , аз санаи 28.02.2022с., №75 -ро доро мебошад.

Дар як соли фаъолият дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон раёсатҳои таълим, илм, инноватсия, кадрҳо ва корҳои махсус, ҳисобдорӣ ва молия, шуъбаҳои иттилоот, робитаҳои байналмиллалӣ, аспирантура ва магистратура, тарбия ва робита бо ҷомеа, корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ, Донишкадаи конфутсий, парки инноватсионнию технологӣ, шуъбаҳои кор бо ҷавонон, умумӣ ва назорат, бахшҳои идоракунии сифати таҳсилот, таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон, таъминоти ҳуқуқӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, дуюм ва бақайдгирии донишҷӯён, бойгонӣ, хобгоҳҳо, омор, марказҳои бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ, ташхис ва хизматрасонии техникаи компютерӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, дарёфти грант ва лоиҳаҳо, касбомӯзӣ, китобхонаи илмӣ-электронӣ, бунгоҳи тиббӣ, осорхона, 4 факултетҳо, 16 кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишкадавӣ, шӯроҳои илмӣ-методӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, кураторон, кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти самаранок намуданд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар самти саноати кӯҳкориву геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёти саноатӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 29 ихтисос таҳсил менамоянд.

Дар донишкада 244  нафар кору фаъолият менамоянд, ки аз ин 156 нафарашон омӯзгорони унвондору тахассусманд мебошанд. Дар донишкада асосан 2652 нафар донишҷӯён дар шаклҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил менамоянд.

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ду хобгоҳ мавҷуд аст, ки ҳар ду хобгоҳ низ фаъол буда, дар ихтиёри донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон қарор дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 65 корхонаҳои соҳаи саноат шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла бо корхонаву муассисаҳои ҶМТКММ “Апрелевка”, ҶДММ “Ширкати куҳӣ–саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶМДММ “Петролеум Суғд”, КФ “Суғднафтугаз”, ҶСК “Ангишт”, ҶДММ “Заринк”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҶДММ “Элегант”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Коргоҳи таъмири қатораҳо,  КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶС “МНА – 33” ва ғайраҳо. Дар соли ҷорӣ бо  корхонаҳои ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ” шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд. Тибқи нақшаи раванди таълим ва фармоиши ректори Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон донишҷўёни бахши 4 шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ, инчунин бахши 3 таҳсилоти дуюми олии касбӣ ба таҷрибаомӯзии пешазрисолаи хатм сафарбар шуда истодаанд.

Дар замони роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, намои беруна, хобгоҳ ва атрофи он пурра таъмиру таҷдид карда шуд.