Намояндагони Донишгоҳи давлатии Новгороди Федератсияи Русия номзади илм Нозирзода Салоҳиддин ва Усманов Ибрагим ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда бо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон роҷеъ ба ҳамкории мутақобилан судманд, табодули академикӣ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ суҳбат намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 18 донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ дошта, ҳамеша хостори ҳамкории бар ҷонибҳо судманд мебошад.
Ҷонибҳо ба чунин хулоса расиданд, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳавӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии муштарак, тайёр кардани ҳайати илмӣ-педагогӣ ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳанд монд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз беҳтарин муассисаҳои олии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат бо беҳтарин муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.
Шуъбаи иттилоот
