
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти тоҷик буда, муосиронаш ӯро бо унвонҳои ифтихории қофиласолори назми форс, соҳибқирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва Одамушшуаро ном бурдаанд. Дар Рӯзи Рӯдакӣ дар бораи фарзанди номбардори миллат директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Фарангис ШАРИФЗОДА ва мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Умриддин ЮСУФӢ чунин иброз назар намудаанд:
— Рӯдакӣ соли 858-и мелодӣ дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
«Рӯдакӣ, — менависад Муҳаммад Авфӣ, — чунон закӣ ва ҳушманд буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро тамоман ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд». Ӯ илмҳои сарфу наҳв, балоғат, фалсафа, ҳикмат, таърих, фиқҳ, риёзиёт ва нуҷумро дар мадрасаҳои Самарқанд омӯхт. Дар назди Абулаббоси Бахтиёр илми мусиқиро низ фаро гирифт.
Рӯдакӣ нахуст ба дастгоҳи Насри I Сомонӣ, ки ҳокими Самарқанд буд, сипас бо ташаббуси вазири донишманди амир Исмоили Сомонӣ (892-907) Абулфазли Балъамӣ ба Бухоро – пойтахти Сомониён ба дарбор даъват шуд. Шоир дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи бузург соҳиб гардид. Чунонки худи ӯ дар ин маврид менависад:
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Тибқи гуфтаи Муҳаммад Авфӣ, ҳаҷми ашъори Рӯдакӣ «сад дафтар», яъне сад ҷилд будааст. Аммо Рашидии Самарқандӣ шумораи онро ба «сездаҳ раҳ сад ҳазор» баробар донистааст. Вале, ба назари мо, дар мавриди мероси шоир андешаи Асадии Тӯсӣ дурусттар аст, ки ӯ яксаду ҳаштод ҳазор байт гуфтани Рӯдакиро таъкид мекунад. Аз мероси гаронбаҳои устод Рӯдакӣ то имрӯз маснавиҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», қасидаҳои «Модари май», «Шикоят аз пирӣ», ғазалиёт, рубоиёт ва қитъаот боқӣ мондаанд, ки ҳамагӣ 1055 байтро ташкил медиҳанд.
Устод Рӯдакӣ нахустин шоире буд, ки пояҳои адабиёти асили тоҷикро ба забони форсии дарӣ дар асри X гузошт. Рӯдакӣ дар ҳамаи навъҳои адабӣ, ба мисли қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ шеър гуфта, онҳоро ҳам аз ҳайси муҳтаво ва ҳам аз лиҳози сохтор такомул бахшид. Донишманди номии эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар дар ин маврид менависад: «Аввалин кас нест, ки ба форсӣ шеър суруда, вале нахустин шоир аст, ки шеърҳои пухта бисёр гуфта ва шеъри форсӣ ба тавассути ӯ камол ёфта… Ашъори Рӯдакӣ, ҳарчанд девонаш мавҷуд нест, ба балоғати услуб ва табиӣ будани маъно мумтоз аст. Сабки ӯ дилкашу мутаносибу латиф ва дар ҳамин ҳол ҷазолати махсусе дорад, ки барои камтар кас аз шуаро муяссар шудааст».
Осори бозмондаи устод Рӯдакӣ мавзуъҳои гуногун, аз қабили ишқу муҳаббат, панду ахлоқ, ҳикмату фалсафа, хуш гузаронидани ҳаёт, ватандӯстӣ, зебоипарастӣ ва инсонпарвариро фаро мегиранд. Рӯдакӣ бо дархости вазири Сомониён Абулфазли Балъамӣ, ки донишманди рӯзгори худ буд, маснавии «Калила ва Димна»-ро дар 12 ҳазор байт навишт. Аз ин маснавӣ то имрӯз беш 150 байт боқӣ мондааст. Ин асари шоир панду ахлоқӣ буда, дар он масъалаҳои одоби ҳасана, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат, донишу хирад ва инсондӯстӣ тарғиб карда мешаванд. Аз ҷумла, аҳамияти донишу донишомӯзӣ дар меҳвари мавзуоти шеъри Рӯдакӣ қарор гирифтааст:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ҳарчанд маълум аст, ки манбаи асосии ин маснавӣ достони машҳури «Калила ва Димна» буда, он дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума шудааст. Вале, Рӯдакӣ, чунонки ба назар мерасад, аз сарчашмаҳои дигар низ суд ҷустааст. Дар пораи боло, ба андешаи мо, устоди панҷрӯдӣ аз матнҳои паҳлавӣ таъсир бардоштааст. Чунонки дар «Муқаддимаи Шоҳнома»-и мансури Абумансурӣ мехонем: «… то ҷаҳон буд, мардум гирди дониш гаштаанд ва суханро бузург дошта ва некӯтарин ёдгорӣ сухан донистаанд, чи андар ин ҷаҳон мардуми бадониш бузургвортар ва моядортар. Ва чун мардум бидонист, ки аз вай чизе намонад, пойдор бад-он кӯшад, то номи ӯ бимонад ва нишони ӯ гусаста нашавад».
Сухани Рӯдакӣ дар шеъри тоҷикӣ ба гуфтаи худи шоир, «наву навгувора» аст. Бинобар ин, шеъри ӯро саҳлу мумтанеъ номидаанд, яъне иншои ин гуна шеърҳо дар назари аввал осон менамояд, вале навиштани он бисёр душвор мебошад, ки Унсурӣ онро «ғазали рӯдакивор» гуфтааст. «Дар Аҷаму Араб, — менависад Абулфазли Балъамӣ, — мисли Рӯдакӣ шоире нест», ки ин андеша гувоҳи интишори ашъори Рӯдакӣ ба атрофу акнофи гетист.
Панду ҳикматҳои Рӯдакӣ дорои мазмунҳои ҷовидонӣ буда, онҳо омӯхтани илму дониш, изҳори раҳму шафқат, аҳд бастани дӯстию рафоқатро тарғиб менамоянд, ки ин идеяҳои умумибашарӣ барои тарбия кардани инсон равона карда шудаанд. Аз ҷумла, шоир таълим медиҳад, ки дидори дӯст бузургтарин шодмонӣ буда, инсон ба суҳбати инсон ниёз дорад ва робита байни инсонҳо ва розу ниёзи онҳоро табиӣ мешуморад. Ин ду байти шоир аз маснавии «Калила ва Димна» то имрӯз ҳамчун гимни дӯстӣ ва бузургдошти инсон машҳур аст:
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Ё ин ки, байти зери Рӯдакӣ ҳамчун «панди озодвори замона» аҳамияти худро давоми беш аз ҳазору саду панҷоҳ сол ҳифз карда меояд, ки гувоҳи зинда будани номи ӯ мебошад:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор!
Хусусияти дигари ашъори Рӯдакӣ дар салосат ва бадеияти сухани ӯст, ки табиӣ, зинда, нав, тару тоза ва малеҳу ширин буда, ба ҳама фаҳмост. Чунин менамояд, ки онҳоро шоири имрӯз гуфта бошад. «Зотан, фазилати шеъри Рӯдакӣ, — менависад Садриддин Айнӣ, — дар он аст, ки аз муболиғаҳои ғайритабиӣ, аз ташбеҳҳои ботакаллуф, аз кинояву истиораҳои каснофаҳм ва агар кӯтоҳ карда гӯем, аз ҳама сохтагиҳою сохтакориҳо дур аст». Ва ташбеҳҳои табииро ба кор мебарад:
Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯи гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст, пиндорӣ, нигори ман рухи гулгун.
Ишқ дар таълимоти Рӯдакӣ ҳамон ишқи заминист, ки аз муносибатҳои фардии марду зан сарчашма мегирад. Бинобар ин, шоир дар ашъори худ ишқро бо ҳама сифоташ тараннум карда, дилбари хешро дар гулшани ишқ ба баҳор ташбеҳ сохта, ӯро дар ҳусн офаридагор медонад:
Чамани ақлро хазонӣ агар,
Гулшани ишқро баҳор туӣ.
Ишқро гар паямбарӣ, лекин
Ҳуснро офаридагор туӣ.
Панду андарзҳои Рӯдакӣ ганҷинаи ҳикмат буда, дурдонаҳои халқи тоҷикро ташкил медиҳанд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ё:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Ва:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Устод Рӯдакӣ ҳамчун ҳакими рӯзгордида ва таҷрибаандӯхта аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ илҳом гирифта, ба печу хам ва шебу фарози ҳаёт тааммул карданро талқин менамояд:
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷои темор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст.
Дониши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.
Дар шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, ки бо сабки хуросонӣ шеър месуруданд, санъати ташбеҳ мавқеи асосӣ дорад. Зеро онҳо манзараҳоеро ба риштаи тасвир мекашанд, ки дидашаванда, табиӣ, аёнӣ ва эҳсосшаванда бошанд. Аксари шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин гуна мебошанд, ки пораи зер намунаи олии он аст:
Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз паи рух рабуда, бӯ аз паи мӯ.
Гулранг шавад, чу рӯй шӯӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ.
Рӯдакӣ аз ҷумлаи нахустин шоиронест, ки пояҳои ғазали тоҷикӣ-форсиро истеҳком бахшида, онро аз ҳайси муҳтаво ва сохтор ба ҳадди камоли худ расонид:
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
З-омада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод.
Некбахт он касе, ки бидоду бихӯрд,
Шӯрбахт он ки ӯ нахӯрду надод.
Боду абр аст ин ҷаҳони фусӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!
Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеч кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?!
Дод дидаст аз ӯ ба ҳеч сабаб,
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!
Рӯдакӣ офарандаи тасвирҳои нав ва тару тоза мебошад, ки маъниҳои ғарибу бикр доранд, албатта, гувоҳи дорои табъи ваққод ва маҳорати баланди шоирии ӯ аст. Шоир бунафшаҳои тареро, ки дар фасли баҳор дар саҳро хайл-хайл сар бароварда, чаманро зебо ва диданӣ кардаанд, ба оташе монанд месозад, ки ба гӯгирд бардавад ва кабуд гардад. Ранги кабуди гӯгирдро ба бунафша, ки низ ҳамин гуна ранг дорад, ташбеҳ кардааст:
Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар баркард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.
Ё дар байти дигар, лолаи шукуфони байни киштзор ба панҷаи ҳинобастаи арӯс бо ҳам чунон табиӣ ташбеҳ шудааст. Яъне, вақте шоир панҷаи ҳинобастаи арӯсро ба мушоҳида мегирад, дар пеши чашми ӯ лолаи сурхи киштзор аз дур намоён мешавад. Ин гуна ихтирооти маъонии бикру ғариб дар ашъори бозмондаи Рӯдакӣ зиёд ба назар мерасад:
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯси ба ҳинно шуда хазиб.
«Дар шеъри Рӯдакӣ, ин шоири оғозгари шеъри тоҷикӣ-форсӣ, — менависад соҳиби китоби «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ», — ҳама чиз – лафзу маънӣ, баён, тасвир, вазну қофия, таркибу таъбир, ба як сухан тору пуди шеър, монанди оби сарчашмаҳои зодгоҳаш поку беғаш, тару тоза, ноолуда, хуш ва писандида буда, аз ҳама гуна хасу хошок ва хоку гили суханбозию сухансозӣ, сохтакорию санъатороӣ, такаллуфу танофур, заъфи таълиф, ҳашв, сакта, мураккаботи лафзию маънавӣ, ки пасон дар адабиёти тоҷикӣ-форсӣ маъмул мегарданд, дур мебошад».
Шеъри Рӯдакӣ шиносномаи адабиёти асили тоҷикон мебошад ва ҳофизаи таърихии адабиёти мо, бегумон, бо шеъри ӯ оғоз мешавад. Рӯдакӣ дар замони Сомониён, ки асри заррини адабиёти тоҷикӣ- форсӣ ба шумор меравад, зиндагӣ карда, бо навиштани ашъори марғуб забони тоҷикиро ба забони меъёр ва адабӣ табдил дод, ки аз ҷумлаи хизматҳои бузурги ӯ дар рушди адабиёти тоҷик мебошад. «Вай нахустин суханварест, — менависад донишманди тоҷик Аълохон Афсаҳзод, — ки забони адабии тоҷикиро дар шеъри бисёр мавзуни сода ва ҳамафаҳм кор мефармояд. Латофату барҷастагии шеъри Рӯдакӣ, баробари мазмуни баланду санъати олӣ, дар тозагии забону суфтагиву пухтагии он ҳувайдо мегардад… Забони осораш забони ширадору зебову зиндаи тамоми табақаҳои мардум мебошад, ки аз лиҳози луғат, таъбирҳои халқӣ, ибороти рехта, истифодаи мақолу зарбулмасалҳо ниҳоят пурмоя ва рангин аст».
Аз хизматҳои мондагори Рӯдакӣ он аст, ки ӯ бо гуфтани шеъри «лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон» на танҳо сабку равиши ояндаи шеъри тоҷикӣ-форсиро мушаххас сохт, ки баъдҳо онро назарияпардозон «саҳлу мумтанеъ» гуфтанд. Равише, ки устод Рӯдакӣ асос гузошт, сабки хуросонӣ номида шуд. Бо ин равиш устоди панҷрӯдӣ дар навъҳои адабие, чун ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, маснавӣ шеър гуфт, онҳоро чи аз ҳайси муҳтаво ва чи аз лиҳози сохтор танзим карду такмил бахшид ва самти адабиёти тоҷикӣ-форсиро дар асрҳои пасин муайян ва муқаррар сохт.
Рӯдакиро ихтироъкори вазни рубоӣ низ мешуморанд. Яъне, Рӯдакӣ нахустин шоирест, ки бо ин вазн шеър гуфта ва пас аз ӯ ин навъи шеърӣ яке аз мутадовилтарин навъҳои шеъри тоҷикӣ-форсӣ шинохта шудааст.
Бе рӯи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод!
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод!
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
Корбасти маъниҳои барҷаста, мазмунҳои латиф, тасвирҳои шоирона, таносуби лафзу маънӣ ва содаву фаҳмо будани ҳар байти шоир, бегумон, далели ҳунари шоирии устодро собит месозанд:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар.
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!
Хизмати дигари устод Рӯдакӣ он аст, ки ӯ тавонист дар шеъри худ мавзуву меҳварҳо ва таъбиру таркибҳои усулии шеъри тоҷикиро асос гузорад. Аз ин ҷост, ки донишмандон Рӯдакиро бунёдгузори суннатҳои образофаринӣ ва устуворкунандаи асосҳои зебоишинохтӣ ва бадеии шеъри тоҷикӣ-форсӣ эътироф карданд.
Дар зимн, ӯ яке аз муназзимон ва дар навбати худ мукаммилони вазни шеър низ будааст, яъне вазни арӯзро ба забони тоҷикӣ-форсӣ мутобиқ гардонидаст.
Рӯдакӣ, чунонки маълум мешавад, шеъри тоҷикӣ-форсиро аз лиҳози муҳтаво бо мазмунҳои ҳикмату фалсафа, панду ахлоқ, меҳру муҳаббат ва башардӯстӣ омезиш дода, онро моҳиятан нав кард. Ин аст, ки мактаби эҷодие, ки Рӯдакӣ бунёд гузошт, то ба имрӯз побарҷост ва он сарчашмаи суннатҳои беҳини адабиёти тоҷикӣ-форсӣ дар асрҳои пасин шинохта шуд. Аз ин дидгоҳ шеъри Рӯдакиро метавон сарвати миллӣ ва ҳуҷҷати ифтихору эътибори халқи тоҷик донист.
Эътибори Рӯдакӣ дар Тоҷикистон назир надорад. Шеъри ӯ оғозгоҳи худшиносии миллии мардуми тоҷик аст. Ҳанӯз соли 1925 дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таъсис ёфта буд. Соли 1958 дар тамоми ҷаҳон 1100 –солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ ҷашн гирифта шуд. Осори Рӯдакӣ борҳо бо шумораи зиёд ба табъ расид. Соли 1964 ҷоизаи адабии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таъсис дода шуд. Ноҳияи ҳамшафати пойтахт ба номи Рӯдакӣ гузошта шуд. Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номи Рӯдакиро дорад. Хиёбони бузург ва асосии шаҳри Душанбе ба номи Рӯдакист. Боғи марказии пойтахт ба номи устод Рӯдакист. Ҳайкали бисёр зебои ӯ дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қад барафрохтааст. Музейи асосии шаҳри Панҷакент бо номи Рӯдакӣ ифтихор дорад. Садҳо мактаби миёна ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошанд.
Соли 2008 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон 1150 — солагии зодрӯзи шоир ҷашн гирифта шуда, аз ҷумла оромгоҳи шоир бозсозӣ гардид. Аз соли 1970 ҳар сол мунтазам Солонаи ёдбуди Рӯдакӣ баргузор мегардад. Соли 2002 бо Қарори Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» эълом гардид, ки ба аввали ҷашни Меҳргон рост меояд. Соли 2003 Бунёди Рӯдакӣ таъсис ёфт. Соли 2008 ба муносибати 1150 — солагии зодрӯзи шоир маркаи ҷашнӣ бо акси Рӯдакӣ нашр гардид.
Рӯдакӣ соли 941 вафот ёфтааст. Оромгоҳи Рӯдакӣ дар зодгоҳи шоир- деҳаи Панҷрӯд мавҷуд буда, дар шафати он китобхона ва чойхона сохта шудааст, ки ба зиёратгоҳи аҳли илму адаб табдил ёфтааст. Абёти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ собит месозад, ки номи Рӯдакӣ дар рӯзгори феълии мо зинда аст ва ҳузури маънавии ӯро мо эҳсос мекунем:
Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.
Ҳамчунон номи Оли Сомонро,
Неккорону нокномонро.
Зинда аз назми хеш медорад,
В-аз паси парда пеш меорад.
АКС аз манбаъхои боз