Таҷрибаомӯзии таълимӣ- шиносоӣ дар майдони геодезии ДКМТ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати таълими донишкада, таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ дар бахши 2 – юми ихтисосҳои 5102 01 – корҳои маркшейдерӣ ва 700201 – 06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо аз санаи 22.05.2023с. оғоз гардид.

Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ Тоҳиров А.С., Бойматов Д.Э., дар рӯзи аввали таҷрибаомӯзи донишҷӯёнро бо қоидаҳои техникаи бехатарӣ шинос намуда, нақша – чорабиниҳои ҳаррӯзаи барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ шиносоӣ, ки аз тарафи роҳбари таҷрибаомӯзӣ тартиб додашуда, мудири кафедра тасдиқ намудааст, шинос намуданд.
Дар рӯзи дуюми таҷрибаомӯзӣ таҷрибаомӯзон бо маҷмӯи асбоб ва таҷҳизотҳои геодезӣ ва маркшейдерии кафедра инчунин дар кадом намуди корҳои саҳроии геодезӣ-маркшейдерӣ истифода шуданашон шинос гардонида шуд.
Аз санаи 24.05.2023 то 26.05.2023 таҷрибаомӯзӣ дар майдонҳои геодезии донишкада корҳои саҳроии зерин иҷро карда шуданд:
нивелиркунии геометрӣ;
сохтани гардиши теодолитии кушод;
нақшабардории вазъиятии маҳал.
Мақсади асосии гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ барои ихтисосҳои 5102 01 – корҳои маркшейдерӣ ва 700201- 06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо шинос намудани донишҷӯён бо таҷҳизотҳои геодезӣ – маркшейдерӣ, бо истифода аз онҳо ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи муҳандисии саноати кӯҳкорӣ ба монанди тартиб додани нақшаҳои топографӣ, муайян намудани релефи маҳал, муайян намудани сарҳад ва тартиб додани лоиҳаҳои рушди корҳои корхонаҳои кӯҳӣ мебошад.