ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Ин рамзи асосӣ ва муқаддаси давлати мо низ сисола шуд

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва ин ҷашни бузурги миллӣ мебошад, ки аллакай дар зеҳну қалбҳо ҷой гирифтааст.

 Моҳи ноябр барои миллати тоҷик моҳи бахт, саодат ва моҳи некбиниву некниҳодиву файзу некбаҳорист. Маҳз дар ҳамин моҳ- ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он поягузор ва меъмори давлатдории навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданд. Чунин иброз дошт Ректори Донишкадаи кӯҳию  металлургии Тоҷикистон Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ ба АМИТ «Ховар». 

— Шурӯъ аз ҳамон лаҳза баҳри саодати миллати тоҷик ва наҷоти давлати тоҷикон гомҳои устувор гузошта шуданд, ки хушбахтона, нияти миллати тоҷик, ормони садсолаҳо хобида амалӣ гардид ва тоҷику тоҷикистонӣ боз ҳам соҳиби давлату миллати хеш гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишони соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми ҷумҳурӣ аз дигар иқдоми муҳими иҷлосияи таърихӣ буд. Зеро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт. Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24 ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад.

Зимнан, ёдовар мешавем, ки баъди чанд рӯз ин рӯйдоди муҳими миллии мо низ сисола мешавад».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ қабул гардидааст ва аввалин маротиба дар бинои Қасри Арбоби Хуҷанд гузошта шудааст. Баъди  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид, ки барои ин, албатта, рамзҳои давлатӣ ва дигар унсурҳои давлатдорӣ муҳим буд. Аввалин чизе, ки барои муаррифии давлат дар ҷаҳон шинохта мешавад, пас аз ҳудуди маъмурӣ- ин парчам мебошад.

Парчам нишони сарбаландӣ ва саодати миллати тоҷик маҳсуб шуда, имрӯз бо ифтихори бузург сокинони ҷумҳурӣ 30-солагии онро таҷлил менамоянд.

Маҳз дар ҳамин давра дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он имрӯз ҳамчун рамзи ягонагиву ваҳдати миллати тоҷик моро муаррифӣ менамояд.

Парчами давлатӣ аз таърихи дур ва замонҳои гузаштаи давлатдории миллати тоҷик нишон аст. Тоҷикон аз замонҳои қадим давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун буданд, ки ин чиз дар тамоми маъхазҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Фарҳангсолорӣ ва муаллими башар ҳисобидани миллати тоҷик дар сарчашмаҳои таърихӣ далели миллати куҳанбунёд ва соҳибмақом будани гузаштагони мост. Парчамро нахуст гузаштагонамон ҳамчун нишони иттиҳоду ваҳдат ва рамзи мустақилияти хеш истифода менамуданд, ки ин гувоҳ аз доштани маданияти баланд ва хотираи таърихии бой мебошад.

То зуҳури арабҳо ва ҳуҷумашон ба мамолики Осиё тоҷикон аз беҳтарин давлатдорон буданд.  Ровиёни таърих ва муҳаққиқон парчами давлатдории тоҷиконро бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» ё  «Ахтари Ковиёнӣ» низ ёд намудаанд. Дар ин масъала шоири бузург Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш чунин фармудааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…

Чу он пӯст бар найза — бар дид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».

Новобаста аз ин насли ҷавон бояд бидонад, ки таърихи давлатдории тоҷикон тӯлонӣ буда, миллати тоҷик аз зумраи ҳамон империядорони қадим мебошад. Вале дар ин роҳ тоҷикон аз шикасту парешонӣ ва таҳоҷум дур набуданд ва борҳо ҷабри таърихро чашидаанд. Ва фақат пас аз дубора ба даст овардани мустақилият соли 1991 миллати тоҷик тавонист, ки соҳиби давлати миллии хеш гардад ва мустақилона ҳамон оромони деринаашро амалӣ созад. Давлати миллии тоҷикон зери роҳбарии Сарвари хирадманду оқил, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт ва пояҳояш устувор гардид, ки инро таваллуди дубора ё эҳёи давлати навини тоҷикон меноманд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз ҷавон будани худ тавонистанд, ки дар вазъияти душвортарин Тоҷикистонро аз пора-пора гардидан, нобуд шудан наҷот диҳанд, пояҳои давлати навини тоҷиконро мустаҳкам намоянд, ки ин  хидмати бузург барои миллати тоҷик мебошад. Наҷот додани миллат аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кори саҳл набуд ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо формулаи вижаи хеш ба миллат сулҳ оварданд, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун «формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон» омӯхта мешавад, ки ин ифтихори бузург мебошад.

Маҳз ҷоннисориву азхудгузарии Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба ҷаҳон маъруф сохт ва дар арсаи байналмилалӣ мамлакати моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва амнтарин мешиносанд, ки ин дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва масъулиятшиносиву садоқати бузург ба даст омадааст.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию
 металлургии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ “Ховар”