Ҷараёни таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоии донишҷӯён дар ҶДММ “Элегант”

Имрӯз, донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси 270101 09 зери роҳбарии омӯзгори фаъол, номзади илмҳои иқтисодӣ Мирсаидова Фирӯза аз корхонаи ҶДММ “Элегант” дидан намуданд. Донишҷӯён  дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ таълимӣ- шиносоӣ аз ҷараёни кори корхона, ҷараёни истеҳсолот ва анвои истифодашавандаи маҳсулот огоҳ гардиданд. 
Ёдовар мешавем, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ин давра донишу малакаи ононро зиёдтар менамояд ва ин як имконияти наздик шудан ба кори корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, завқу талоши донишҷӯёнро афзун мегардонад.