НИШАСТА РӮЙ БА МЕҲРОБУ ДИЛ БА БОЗОРАМ

Ҳангоми мутолиаи китоби Ҷалол Икромӣ “Устоди ман, мактаби ман, худи ман”, ки ҳануз соли 1970 дар нашриёти “Ирфон” оид ба ҳаракати ҷадидия чунин сатрро хондам: “Ҷадидҳо, ки худро “Ҷавонбухороиҳо” мегуфтанд, дар ҳаракат ва кӯшиши худ чандон дур нарафта буданд”. Зимни тавсифи  хислатҳои ҷадидон устод Икромӣ менависанд, ки “Қисми дигари ҷадидҳо иборат аз одамони ҷавонони туфайлӣ , бемаслак буда, маҳз барои бодигарӣ ва ҳавас ба ин роҳ афтоданд. Ҳатто дар байни онҳо ҷосусон ва одамони амир ва қушбегӣ низ буданд.” (саҳифаи 29)

    Агар ба авзои имрузаи пайравони ҳизби наҳзати исломӣ нигарем, воқеан ҳам  “ҷавонони туфайлӣ , бемаслак буда, маҳз барои бодигарӣ ва ҳавас” сафи онро пур кардаанд. Эшон кӯркӯрона ба муллоҳои мутаасиб тақлид намуда, тиҷорати худро равнақ мебахшанд. Чунин тоифа бештар туъмаи гуруҳҳои тундрав шуда даст ба амалҳои ифротӣ мезананд. Онҳоро хоҷаҳои пулдор зуд ба доми худ мекашанд ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода  мебаранд.

   Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳазор сол пеш чунин навишта буд:  

Маро ғараз зи намоз он бувад, ки пинҳонӣ,
Ҳадиси дарди фироқи ту бо ту бигзорам,
В-агарна ин чӣ намозе бувад, ки ман бо ту,
Нишаста рӯй ба меҳробу дил ба бозорам.

     Шахси муъмину мусулмон пайи тоату ибодати худ мешаваду ба бозори сиёсат коре надорад ва ҳаргиз исломро ниқоб намесозад. Аммо ТТЭ ҲНИ ба ӯаразҳои нопоки худ ҳамоно “руй ба меҳробу дил ба бозор” мекунад.

 

Хайруллоҳи Ҳошимзода, омузгори ДКМТ