ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ЯК СОЛИ ҲАРЗАҲОВУ ШАРМСОРИИ НАҲЗАТИЁНИ ПАЛИД

Дар соле, ки гузашт аксарияти рӯзноманигорон ва коршиносонро дар тааҷҷуб овард, зеро дар ин сол пеш аз ҳарвақта наҳзатиёни палид ба ҳарзагӯйи шурӯъ карданд ва ҳатто дар чандин ҷаласаҳо ширкат варзиданд ва худро шармандаи рӯйи олам сохтанд.

Зеро нахуст вақте, ки наҳзатиён дар ҷаласаи САҲА ширкат намуданд, бо изҳороти матлабҳои бардурӯғу иттиҳомоти бофта, худро мавриди хандахареши ҷаҳониёнқарор доданд ва аз ҷониби дигар ин тоифаи бадкеш бо ирсоли намояндаҳои дур аз ахлоқу маърифати хеш обрӯйи нобударо ҳам рехтанд.

Чун намояндагони наҳзатиён дар ин ҷаласа ширкат доштанд ва ҳатто аз тарзи суханрониву либоспӯшиашон аз ҳама ҳозирин фарқ доштанд. Фарқияти ин тоифаи бадкеши наҳзатӣ дар он буд, ки ин разилон на маданияти либоспӯширо дар Аврупо ёд гирифтаанд ва на тарзи суханрониро, ки аз дида шармандагие бештар набуд.

Мо устодони кафедра соли сипаригардидаро барои наҳзатиёни палид соли шармандагиву шармсории наҳзатиёни манфур меҳисобем ва ин тоифаи разилро маҳкум менамоем!