ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТИ МОШИНСОЗӢ: НАҲЗАТИЁНИ ПАЛИД ВАТАНРО БАДНОМ КАРДАРНД!

Бояд қайд кунам, ки тайи чанд соли фаъолияти худ ТЭТ ҲНИ пурра машғули гумроҳсозии мардум гардида, ҳатто дар оддитарин ҳолат ҳам хиёнатро барномаи аслии худ қарор додааст. Аъзоёни ин ҳизби ифротӣ аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфт гирифта, барои аз по афтонидани миллати тоҷик фаъолият мебаранд.

Роҳбари авбош ва гурезаи ин ҳизби ифротӣ Кабирии палид барои паст намудани шаъну шарафи мардуми тоҷик имрӯз дар Аврупо ҷо гирифта, миллат ва давлати Тоҷикистонро интиқод мекунад ва аз минбарҳои баланд ба сиёҳкорӣ мепардозад, ки хилофи оини мардонагист.

Ҳамчунин ин хиёнаткор бо чанд нафар авбошон ва ҷинояткорони ҳизби ифротияш имрӯзҳо созмони ТЭТ ПМТ-ро таъсис додааст, ки фаъолияти ин иттиҳоди террористӣ ҳам паст намудани обрӯву мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳоло наҳзатиёни палид пурра ба бадном кардани миллат машғуланд ва ин нерӯҳои террористӣ барои Ватани мо як доғ мемонад.