Озмуни фаннии кафедраи математикаи олӣ ва информатика таҳти унвони “Заковатсанҷ” баргузор гардид

Санаи 30.10.2023 тибқи нақшаи кории кафедраи математикаи олӣ ва информатика байни донишҷӯён озмуни «Заковатсанҷ» аз фанҳои математика ва технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд, ки дар он 9 нафар донишҷӯён аз фанни математика, 21 нафар донишҷӯ аз фанни технологияи иттилоотӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро нахуст мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳин Шоевич ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба шарту шароити озмун ва мақсади баргузории онро ташреҳ дод. Сипас, омӯзгорони ҳамкор ва доимии кафедра Ашӯров Хайриддин, Иноятова Гулрухсор ва Асомиддин Саидов суханронӣ намуда, донишсанҷӣ намуданд. 
Ҳамзамон донишҷӯи бахши 1, ихтисоси 440101-01 Ҷӯраев Фаридун аз фанни математика ва донишҷӯи бахши 1, ихтисоси 400301 Абдураҳмонов Амирҷон аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷои якумро ишғол намуданд.