Гузориши мукаммал аз сафари ҳайати кормандон ба Ҷумҳурии мардумии Чин

Мувофиқи фармоиши ректори донишкада таҳти рақами  №130 ХК аз 11 октябри соли 2023 ва ризоияти Вазорати саноат ва технологияњои нави Ҷумњурии Тоҷикистон (мактуби №15-2180 аз 26.09.2023) ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Тадкиқот ва тадбиқи металлургияи камкарбон ва дарёфти роҳҳои нави истеҳсолот бо энергияи сабз» аз санаи 17.10.2023с. то санаи 24.10.23с. профессори кафедраи экология Розиқов З.А. ва омўзгори калони кафедраи металлургия Раҳимов Ҳ.Ш. ба Донишгоҳи маркази ҷанубии шаҳри Чаншаи Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Конфронс дар сатҳи баланд бо иштироки олимони 20 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
Санаи 19.10.23с. намояндагони ДКМТ бо донишҷўёни зодаи Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мулоқот намуда, имкониятҳо ва дурнамои Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистонро ба саҳми онҳо расониданд.
Ҳамзамон, бо раёсати Донишгоҳи марказии ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тарафайн мулоқот намуданд. Ҳайати ин донишгоҳи бонуфуз, ки доир ба тайёр намудани мутаххасисони самти саноати кўҳию металлургӣ дар ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввалин қарор дорад, қайд намуданд, ки ДКМТ метавонад дар ҳама самтҳо ҳамкории тарафайнро ба роҳ монда мутахасисони варзидаро омода намояд.
Санаҳои 20-21 октябр конфронси сатҳи байналмилалӣ оғоз гардид, ки дар кори он иштирок намуда маърўзаи илмиро таҳти унвони «Разработка технологических процессов производства металлической сурьмы из сульфидного сурьмянного концентрата» бо забони тоҷикӣ ба самъи ҳозирин расониданд. Бояд қайд намуд, ки намояндагони ДКМТ аз рўи технологияи ихтироънамудаи худ суханронӣ намуданд ва хушбахтона он аз тарафи олимони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои хуби илмиро соҳиб гардид.
Санаи 23.10.23с. мулоқоти тарафайн байни намояндагони Коллеҷи металлургии Донишгоҳи марказии ҷанубии Ҷумҳурии Чин, Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи илмию тадқиқотии Африка, Донишкадаи металлургии Ҷумҳурии Замбия ба роҳ монда шуд. Намояндагони донишгоҳҳо ҳавасмандии худро изҳор намуда, паҳлуҳои ҳамкориҳои тарафайнро баррасӣ намуданд.

Хамчунин, бо рохбарияти Коллеҷи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти ҳамин донишгоҳ мулоқот намуданд. Аз тарафи Донишгоҳи маркази ҷанубии ҶМЧ пешниҳод гардид, ки донишҷўёне, ки хоҳиши дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура дар донишгоҳи онҳо таҳсил карданро доранд, метавонанд бо тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ бе ягон мамоният таҳсили худро дар он ҷой давом диҳанд. Ҳамзамон, доир ба ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ гуфтушунид гузаронида шуд, ҳамон рўз бо олимону мутахассисони варзидаи ин донишгоҳ доир ба паҳлуҳои баррасии корҳои илмию тадқиқотӣ мулоқот барпо гардид.

Д.и.т., профессори кафедраи экология Розиқов З.А.

Омўзгори калони
кафедраи металлургия Раҳимов Ҳ.Ш.