Вохӯрии намояндаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо хатмкунандагони донишкада

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада вохӯрии намояндаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Умедов Шаҳбоз  бо хатмкунандагони донишкада баргузор гардид, ки зимни мулоқот ҳамчунин бо донишҷӯён ҷиҳати ба кор қабул намудани онҳо суҳбат ё худ (мусоҳиба) гузаронида шуд. Қарор аст, ки аксарияти хатмкунандагон ба ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба кор ҷалб карда шаванд, чунки бештарашон аз мусоҳиба ва талаботи кордиҳанда гузаштанд, мегӯяд сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси раёсати донишкада ва  сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон  Назарматов Авазбек имрӯзҳо мулоқоту вохӯриҳо баҳри ба кор таъмин намудани хатмкунандагон бо намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ зиёд мегузаранд ва хушбахтона натиҷаи мусбат додаистодааст.

Шуъбаи иттилоот