Ба олимон ва ихтироъкорони ДКМТ боз як имконияти нав

Дар асоси фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои лоиҳаҳои илмӣ таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ пешниҳод шудааст, имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон вохӯрии Насриддинов З.З ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДКМТ бо устодону ихтироъкорон сурат гирифт.

Зимни муаррифӣ ва шарҳи талаботи  озмуни мазкур, ки аз ҷониби Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ сарпарастӣ мешавад, зикр гардид, ки устодону донишмандон метавонанд ба ҳар як бахши озмун лоиҳаҳои хешро ирсол намоянд. Зеро аксарияти бахшҳо ба самти фаъолият ва кори донишкада вобаста аст.

Ҳамчунин устод Насриддинов З.З аз хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди илм ва маориф ёдовар шуда, иқдоми навбатиро дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳа маънидод намуданд.