Ҳамкориҳои донишкада бо донишкадаҳои аврупоӣ тавсеа меёбад

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо намонядагони Донишкадаи Делфт оид ба таҳсилоти обӣ ва намояндаи Лоиҳаи ташкилоти Хелветаси Швейтсария мулоқот намуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмононро хуш истиқбол намуда роҷеъ ба ҳамкориҳои баъдӣ ва дурнамои ҳамгироӣ сухан ронда, аз имкониятҳои донишкада гуфт. Ҳамчунин мавсуф иттилоъ дод, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати пажӯҳиши масоили обӣ ҳамеша омода бо донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ ҳамкорияшро ба роҳ монад ва чунин имкониятро дорост.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонон аз Донишкадаи Делфт оид ба таҳсилоти обӣ ва  Лоиҳаи ташкилоти Хелветаси Швейтсария Мариан Шиманович, профессор Дженивер Сехринг ва профессор Бринда Картсикейан буданд ва аз тарафи донишкада профессор Умарҷонов Абдусафа, профессор Розиқов Зафар, дотсен Ҳоҷибоев Далер, дотсент Мирбобоев Шӯратҷон ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон дар мубоҳиса ширкта доштанд.

Меҳмонон аз озмоишгоҳҳои донишкада дидан намуда, аз кори муассиса таъриф карданд.