Ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар конфронси байналмилалии ФМД ДБССТ дар вилояти Суғд

Санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар Филиали Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд конфренсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои молиявию иқтисодии тараққиёти сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ширкати олимони хориҷию ватанӣ баргузор гардид, ки дар қисмати ифтитоҳии он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуд. 

Ёдовар мешавем, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз олимони беҳтарини соҳаи иқтисодиёт буда, барои рушди илми иқтисоди миллӣ саҳми боризе гузоштааст.