Ширкати омӯзгорону кормандони донишкада дар роҳпаймоии осоишта бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Имрӯз омӯзгорону кормандони донишкада бо руҳияи баланди хештаншиносиву ватандӯстӣ ва хушҳолии баланд дар роҳпаймоии осоишта, ки  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид, ширкат намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки  Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қарори СММ таъин карда шуд.