Энергомеханика

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сарватҳои энергетикӣ аст. Ҳатто истифодаи қисмати ин сарватҳо
ба хеле беҳтар намудани таъминоти энергетикии хоҷагии халқ ва аҳолӣ имконият медиҳад, ки ҳолати
тавозуни энергетикӣ ва экологиро дар кишвар ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мӯътадил гардонад.
Тадбиқи самараноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди соҳаи
энергетика сохтмон ва ташаккулдиҳии иншоотҳои наву бузурги тавонои энергияистеҳсолкунандаро дар
назар дорад, ки амалигардонии онро бе тайёр намудани мутахассисони баландмаҳорати соҳаҳои
мошинсозӣ ва энергетика тасаввур кардан гайриимкон аст.
Тайёр кардани мутахассисон дар факултет аз рўи равия ва ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
Равияи 4301 «Электроэнергетика ва энергетикаи гармӣ» – ихтисоси 430103-01 «Таъмини корхонаҳои
саноатӣ бо барқ»; Равияи 3610 «Иктишофҳои геологӣ ва саноати коркарди (истихроҷи) куҳӣ» – ихтисоси
361001 «Таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ»; Равияи 3601 «Технологияҳои мошинсозӣ ва таҷҳизотҳо» –
ихтисоси 360101 «Технологияи мошинсозӣ».
1. Мухандис –энергетик, ихтисоси 43010301-Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ. Фаъолияти касбии
мутахассисони ин ихтисос соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: шабакаҳои энергетикии барқӣ, неругоҳҳо ва
зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли энергияи барқӣ; омодакунии лоиҳаҳои таҷҳизотҳои
электроэнергетикии таъиноташ гуногун; сохтани нақшаҳои коргоҳҳои энергетикии барқӣ; ҳисоб кардани
нақшаҳо ва қисмҳои асосии таҷҳизотҳо ва занҷирҳои дуюми коргоҳҳои электроэнергетикӣ; сохтани
таҷҳизотҳои энергетикии барқӣ ва ҳароратӣ; нигоҳдошт ва тағйири реҷаи кории коргоҳҳои энергетикӣ,
гузаронидани санҷишҳои саривақтии таҷҳизотҳо; гузаронидани корҳои васлкунӣ дар корхонаҳои
энергетикии барқӣ ва ҳароратӣ.
2. Мухандис-механики саноати куҳӣ, ихтисоси 361001-Таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ. Соҳаи
фаъолияти касбии ин мутахассисон чунинанд: таҳияи технологияҳои муносиби истеҳсоли маҳсулот;
таҳлил ва таҳияи роҳу усули равандҳои технологӣ; таҳияи параметрҳои механикӣ, технологӣ, тарроҳӣ,
асбобсозӣ, иқтисодӣ; ташхиси ҳолат ва динамикаи равандҳои технологӣ, таҷҳизот ва васоити идоракунӣ
барои банақшагирии дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат; банақшагирии коркард ва истифодаи равандҳои
технологии истеҳсоли маснуот; тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурии техникӣ оиди истифодабарии таҷҳизот
ва техника; гузаронидани санҷишҳои саривақтии нишондодҳои техникии таҷҳизот ва мошинҳои
саноати кӯҳӣ; гузаронидани корҳои таъмир, васлкунӣ ва озмоиши таҷҳизоти корхонаҳои саноати куҳӣ;
ташкили амалиёт оид ба ҷобаҷогузории таҷҳизот.
3. Муҳандис, ихтисоси 360101 – Технологияи мошинсозӣ. Фаъолияти касбии мутахассисони ин ихтисос
ба самтҳои зерин равона шудааст: саноати истеҳсолоти мошинсозӣ, аз ҷумла технологияи коркард ва
васли ҷузъиёти мошинҳо; равандҳои технологии истеҳсолот; коркарди равандҳои технологии
истеҳсолот; ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, системаҳои стандартонӣ ва сертификатонӣ, усулу воситаҳои
озмоишӣ ва санҷиши сифати маҳсулот дар истеҳсолот; ихтироъ ва лоиҳакашии таҷҳизотҳои технологӣ;
ташхис ва таъминоти идоракунии системаҳои технологӣ барои ба даст овардани сифати маҳсулоти
истеҳсолшаванда ва ғайра.
Соли 2011 аввалин хатмкунандагони факултет сазовори дипломҳои муҳандиси куҳӣ ва муҳандиси барқ
гардиданд. Ҳоло онҳо дар корхонаҳои гуногуни соҳаи мошинсозӣ, истеҳсолоти куҳӣ ва ширкати «Барқи
Тоҷик» фаъолияти пурсамар доранд.
Дар сохтори факултет ду кафедраҳои тахассусӣ фаъолият бурда истодаанд: кафедраи таҷҳизот ва
технологияҳои мошинсозӣ, кафедраи таъминоти барқ.
Дар факултет 800 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар назди кафедраҳои факултет озмоишгоҳҳои
(лабораторияҳои) хуб таҷҳизонидашуда, устохонаҳои харротию челонгарӣ ва коргоҳҳои таълимии
истеҳсолӣ амал менамоянд. Бо иштироки донишҷӯён ва олимону омӯзгорони кафедраҳо дар факултет
корҳои самараноки илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шуда, дар назди муассисаи Парки техологии Донишкада
коркардҳои таҷрибавии конструкторӣ иҷро карда мешаванд.