Кафедраи металлургия

Нишони Кафедраи металлургия

 

Доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович

Дар асоси Оинномаи Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, дар сохтори Донишкада кафедраи металлургия ва технологияи химиявӣ бо фармони ректори донишкада №21 «К» аз 1 октябри соли 2006 таъсис додашуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Яке аз вазифаҳои асосии кафедраи металлургия тайёр кардани мутахассисони соҳаи металлургӣ мебошад. Металлургия – соҳаи илм, техника ва истеҳсолот буда, равандҳои истеҳсоли металлҳо ва ҳулаҳоро аз маъдан ва дигар маводҳо, равандҳои истеҳсоли маснуотҳои металлӣ ва инчунин равандҳое, ки таркиби химиявӣ ва сохтори металлҳоро барои ноил гаштан ба хосиятҳои муайян, меомӯзонад.

САМТҲОИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН  – ИХТИСОСҲО

Кафедраи металлургия аз рӯи ихтисосҳои 420101-0104 металлургияи металлҳои ранга мутахассисонро тайёр мекунад.
Металлургия – соҳаи илм, техника ва истеҳсолот буда, равандҳои истеҳсоли металлҳо ва хeлаҳоро аз маъдан ва дигар маводҳо, равандҳои истеҳсоли маснуотҳои металлӣ ва инчунин равандҳое, ки таркиби химиявӣ ва структураи металлҳоро (хeлаҳоро) барои ноил шудан ба хосиятҳои муайян, дар бар мегирад.
Объектҳои фаъолияти касбӣ.
Объектҳои фаъолияти касбии хатмкунандаҳо чунинанд:
oравандҳои технологӣ ва дастгоҳҳо барои истеҳсоли металлҳои ранга ва маснуот аз онҳо;
oравандҳо ва дастгоҳҳо барои таъмини сарфаи энергия ва захираҳо ва муҳофизати муҳити атроф ҳангоми амалиётҳои металлургӣ;
Хатмкунанда, мутахасиси дипломдори ихтисосҳои тайёр карда шавандаи самти «Металлургия» барои ҳалли масъалаҳои зерини касбӣ тайёр карда мешаванд:
-истеҳсолӣ-технологӣ;
-ташкилӣ-идоракунӣ;
-илмӣ-тадrиrотӣ;
-лоиҳавӣ.
Намудҳои махсуси фаъолият аз рўи мундариҷаи барномаҳои таълимию- касбии ҳар ихтисос аз тарафи Донишкада муайян мегардад.
Муҳандис аз рўи самтҳои «Металлургия» барои ҳалли масъалаҳои зерини касбӣ омода мешаванд.
Фаъолияти истеҳсолӣ-технологӣ:
-коркард ва гузаронидани равандҳои технологӣ барои ҳосилкунӣ ва коркарди маснуотҳои металлӣ ва хӯлавӣ;
-коркард ва гузаронидани равандҳои технологӣ барои коркарди ашёҳои техногенӣ ва истифодаи захираҳои дуюма;
-гузаронидани чорабиниҳо барои муҳофизати муҳити атроф аз таъсири техногении истеҳсоли металлургӣ;
-коркарди технологияи каммасраф дар соҳаи металлургия;
-таъмини иҷроиши талаботҳои системаи сифат.
Фаъолияти ташкилӣ-идоракунӣ:
-ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ, таъмини метрологӣ, назорати техникӣ, хизматрасонии иттилоотӣ;
-стандартикунонии воситаҳои техникӣ, система, равандҳо, таҷҳизотҳо ва маводҳо;
-таҳлили техникӣ-иқтисодӣ, тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои техникии лозима;
-ташкили кор барои идораи сифати маҳсулот;
-гузаронидани маркетинг барои шароитҳои коргоҳҳо, корхона ва ноҳия;
-мушовир оид ба масъалаҳои балоиҳагирии маҳсулотҳои рақобатӣ, коркард ва татбиқкунии равандҳои технологияҳои тараққикарда.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ:
-гузаронидани назария ва тадқиқоти ташхисӣ, агрегатҳо ва маҳсулот барои амаликунӣ;
-иҷроиши ҷустуҷӯйҳои адабиётӣ ва патентӣ, омодакунии ҳисоботҳои техникӣ, шарҳи иттилоотӣ, хулоса;
-истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар интихоби маводҳои зарурии маснуотҳои тайёршуда.
Фаъолияти лоиҳавӣ:
-асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва коркарди равандҳои нави технологӣ, коркарди лоиҳаҳои таҷдиди коргоҳҳои амалкунанда ва сохтмони коргоҳҳои нав, агрегатҳо ва таxҳизотҳои саноатӣ;
-сохт ва ҳисоби таxҳизи технологӣ ва элементҳои он.

ҲАЙЪАТИ ПЕДАГОГӢ

Аз соли таъсисёбии кафедра ва то соли 2010 4 нафар омӯзгорон фаъолият мебурданд, ки онҳо доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, сармуаллим Мавлонов Абдусалом, сармуаллим Филиппова Тамара ва сармуаллим Пўлотов Сироҷ буданд.
Соли 2010 то 2012 дар кафедра 7 нафар омӯзгорон кору фаъолият доштанд: ки онҳо доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, номзади илмҳои техникӣ Каримов Муродхон Илясович, номзади илмҳои химия Саидов Бахтиёр Ихтиёрович, сармуаллим Ниёзов Қурбонбой Разоқович, сармуаллим Мӯминов Усмонҷон Абдунабиевич, сармуаллим Мусулмонов Диловар Сайидалиевич, ассистент Тиллобоев Ҳакимҷон Ибрагмович буданд.
Соли 2013 дар кафедра 9 нафар омӯзгорон ба монанди доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, номзади илмҳои техникӣ Каримов Муродхон Илясович, сармуаллим Ниёзов Қурбонбой Разоқович, сармуаллим Низомов Сипаргис Баҳриддинович, асситент Давлатов Хисрав Ёрмаҳмадович, ассистент Солиҳов Мирзобедил Мирзошарифович, ассистент Фаридаи Амонулло, ассистент Воҳидова Фирӯза Шокирҷоновна, номзади илмҳои химия Фозилова Мавҷуда кор мекарданд.
Соли 2014 дар кафедраи металлургия 10 нафар омӯзгорон ба монанди доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Каримов Муродхон Илясович, сармуаллим Ниёзов Қурбонбой Разоқович, ассистент Фаридаи Амонулло, ассистент Солиҳов Мирзобедил Мирзошарифович, ассистент Назаров Иззатулло Ҳасанович, ассистент Шамсидинова Мутриба Дадоҷоновна, асситент Қодиров Абдурашид Абдураҳимович, асситент Низомов Сипаргис Баҳриддинович, Юсупова Заррина Ҳасанҷоновна фаъолият бурдаанд.
Соли 2014 дар кафедраи металлургия 8 нафар омӯзгорон ба монанди доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Каримов Муродхон Илясович, сармуаллим Ниёзов Қурбонбой Разоқович, ассистент Фаридаи Амонулло, ассистент Шамсидинова Мутриба Дадоҷоновна, ассистент Назаров Иззатулло Ҳасанович, асситент Қодиров Абдурашид Абдураҳимович, ассистент Юсупова Заррина Ҳасанҷоновна кор кардаанд.
Соли 2015 дар кафедраи металлургия 9 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуданд. Ба ғайр аз ассистент Юсупова Заррина Ҳасанҷоновна (бо хоҳиши худ аз кор рафт) боқимонда омӯзгорони соли гузашта буда, боз ҳайати онҳо бо ҷалб намудани 2 нафар омӯзгорон номзади илмҳои химия, дотсент Мӯминов Усмонҷон Абдунабиевич ва лаборант Ашӯров Мӯҳсин Саломович зиёд карда шуданд.
Соли 2016 -2017 дар кафедра 8 нафар омӯзгорон ба монанди доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Каримов Муродхон Илясович, номзади илмҳои химия, дотсент Мӯминов Усмонҷон Абдунабиевич, ассистен Фаридаи Амонулло, ассистент Шамсидинова Мутриба Дадоҷоновна, ассистент Назаров Иззатулло Ҳасанович, мудири озмоишгоҳ Ашӯров Мӯҳсин Саломович, лаборант Раҳматов Фарход Акпарҷонович кору фаъолият доштанд.

Ҳоло дар кафедра 7 нафар омӯзгорони зерин фаъолият бурда истодаанд.