Кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ

Cаидов Б.И

Кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ
мудири кафедра -н.и.х.дотсент Саидов Б . И
Тел. +992(92)7055067

 

 

 

Аз таърихи кафедра

Кафедраи фанҳои табиӣ -илмӣ  то таъсиси Донишкада, дар сохтори Коллеҷи кўҳӣ- металлургии  Бӯстон (Чкалов) бо номи кафедраи фанҳои умуми илмӣ фаъолият мебурд. Кафедраи фанҳои умумиилмӣ бо фармони директори коллеҷ таҳти №19К аз 31.03 2000 дар сохтори ККМЧ таъсис дода шуда буд ва аввалин мудири  он- Шерматов  Шавкат Мамадҷонович, номзади илмҳои физикаю математика таъин мешавад.
Баъд он ки мудири кафедра Шерматов Ш.М. ба вазифаи декани факултети кӯҳӣ-металлургии  ККМЧ таъин мешавад, роҳбарии  кафедра  ба зиммаи номзади илмҳои физика- математика, дотсент Акрамова Музайяна Маъмуровна  аз 02.01.2003с. гузошта мешавад.
Баъди таъсисёбии ДКМТ кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ бо қарори  Шӯрои олимони донишкада  аз 1.10.2006с. дар  ҳайати  5  нафар омӯзгорон ва кормандони ёрирасон таҳти роҳбарии мудири кафедра, дотсент Акрамова М.М.ташкил гардида, фаъолияташро идома дод.
Дар он давра омӯзгорони кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ- доктори илмҳои техникӣ, профессор Султонов У, номзади илмҳои химия,муаллими калон Насриддинов Ҳ.М., номзади илмҳои химия,муаллими калон Саидов Б.И., номзади илмҳои фалсафа,дотсент Абдуллоев А.В. фаъолияти таълимӣ ва тарбиявиро ба роҳ гузошта буданд.
Соли хониши 2007-2008 вазифаи мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ ба зиммаи доктори  илмҳои техникӣ, профессор  Султонов У. гузошта мешавад.
Мудири кафедра , профессор  Султонов У.тавонист,ки омӯзгорон Акрамова Музайяна,Саидов Бахтиёр,Фозилова Мавҷуда,Гафоров  Содирҷон, Сулейманова Назокат,Бобоев Бекмурод, Абуманонов Абдуалӣ,Боқиева Мавлуда, Мирхолиқова  Маҳинабону  ва ду  нафар кормандони ёрирасони кафедра- Юнусова Раҳбархон (сарлаборант) ва Минакова Турсунмоҳ(сарлаборант)-ро муттаҳид  сохта, раванди таълимро аз фанҳои физикаи умумӣ, химияи физикӣ, химияи гайриорганикӣ, консепсияи табиатшиносии муосир ба роҳ монад.
Як сол пас, ба кафедра боз як нафар номзади илмҳои физика ва математика
Усмонов Абдураҳмон ба кор даъват карда шуд.Қайд кардан лозим аст, ки кафедраи мазкур он солҳо дар сохтори факултети Металлургия фаъолият мекард. Аз 25 августи соли 2010 бо қарои Шӯрои олимони Донишкада вазифаи  мудири  кафера ба зиммаи номзади илмҳои химия дотсент Тӯхтасунов Обиддин,ки пештар мудири кафедраи коркарди конҳои  канданиҳои фоиданок буд, гузошта мешавад.Худи ҳамон сол ассисентон  Турунбоева Раъно ва Ҳуҷатов Абдулазиз ба  фаъолияти омӯзгорӣ  ҷалб карда  мешаванд.
Ҳамзамон дар ҳайати  кормандони ёрирасон  низ  дигаргуниҳо  гузаронида шуд. Ба ҷои сарлаборантон Юнусова Раҳбархон ва Минакова Турсунмоҳ ба ҳайси лаборанти кафедра Силмонова Сурма қабул карда шуд.
Дар ин сол кафедра соҳиби дастоварди калони илмӣ гардид, зеро ассистенти Бобоев Бекмурод дар мавзӯи «Физико-химические основқ миграции урана в системе «дренаҷнқе водқ- почвқ» на  примере хвостохранилищ №1 и № 2 г.Табошар Республики  Тадҷикистан» рисолаи номзадиро  барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия бомуваффақият  ҳимоя намуд.
Дар соли хониши 2011-2012 ба  ҳайати омӯгорони кафедра  номзади илмҳои  физика ва математика, дотсент Қозиев Камолудин,ассистентон Холбоев Рафиқҷон ,Рахматов Нусратулло, Ҳоҷиев Саидмуқбил ва сарлаборант Толибшоева Султонбахт қабул карда шуданд.
Дар соли хониши 2013-2014  кафедраи  мазкур аз сохтори факултети металлургия  ба ҳайати факултети корҳои кӯҳӣ гузаронида  мешавад.
Аз соли 2015 роҳбарии   кафедраро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Эгамов Мухтор ба  ӯҳда  дорад.
Натиҷаи кори ин маҳфилҳо аст, ки  соли хониши 2013-2014 донишҷӯи ихтисоси 42010101-04(металлургияи металлҳои ранга ) Наҷмиддинов А.  дар олимпиадаи  ҷумҳуриявии  донишҷӯёни  мактабҳои  олии таълимӣ, таҳти  роҳбарии  сармуаллим Гафоров Содирҷон  иштирок  намуда , ҷои сеюмро  ишгол намуд ва бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони  ЧТ сазовор  гардонида шуд.
Ҳамчунин  донишҷӯи  ихтисоси  430103-(таъминоти барқ)  Боқизода Домулло  таҳти  роҳбарии   сармуаллим  Ҳоҷиев Саидмуқбил дар олимпиадаи  ҷумҳурявии  донишҷӯёни   мактабҳои  олии  таълимӣ иштирок  намуда,  солҳои  2012-2014  пай дар пай  се  маротиба  ҷои  дуюмро  ишuол  намуда, бо Ифтихорномаи Кумитаи  кор  бо  ҷавонони ҷумҳурии  Тоҷикистон оид  ба  илм ва  техника  мукофотонида  шуд.
Боиси  қайд  аст,ки кафедраи  фанҳои  табиӣ-илмӣ  яке аз  кафедраҳои  базавиест,  ки  аъзоёни  он қариб  дар  тамоми  самтҳои  роҳбарикунандаи  ин  даргоҳи  илму  дониш  фаъолият  мебаранд. Чунончӣ,  ноибректори  Донишкада  оид  ба корҳои   таълим, дотсент  Қозиев К.С.,декани  факултети  металлургӣ, дотсент Саидов Б.И.  дар кафедраи  мазкур  фаъолияти  таълимӣ  ва  илмӣ  мебаранд.
Ноибдекани  корҳои  тарбиявӣ  дар факултети  металлургия  Мирхолиқова М.  ва  ноибдекани  корҳои  тарбиявии  факултети  корҳои кӯҳӣ-Холбоев Р. низ дар кафедраи мазкур  фаъолият доранд.
Аз  сабабаи декани факултети электромеханика таъин шудани Эгамов М. аз моҳи январи соли 2017  ба вазифаи  мудири кафедра Саидов Б. интихоб шуданд.

Ҳайати педагогии кафедра

Ҳайати педагогии кафедра чунин аст:
Акрамова Музаяна   Маъмуровна , номзади илмҳои физика математика , и.в.профессор;
Саидов Бахтиёр Ихтиёрович , номзади илмҳои химия ,дотсент;
Фозилова Мавчуда Фозиловна , номзади илмҳои химия,дотсент;
Қозиев Камолуддин Сангинович , номзади илмҳои физика-математика, дотсент ;
Эгамов  Мухтор  Ҳасанович , номзади илмҳои физика – математика,
дотсент;
Ғаффоров Содирҷон Ҷалилович , муаллими калон;
Хуҷатов Абдулазиз , муаллими калон ;
Мирхолиқова Маҳинбону Абдунабиевна , муаллими калон;
Холбоев Рафиқҷон Яҳёевич,муаллими калон ;
Толибшоева Султонбахт Одинабековна, лаборанти калон ;
Эсанов Фарҳодҷон Эсанович, лаборант

Базаи  модди  техникии  кафедра

Аъзоёни кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ дар тӯли  фаъолияти худ тавонистанд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ду лабораторияи таълимӣ: «Физикаи умумӣ» ва «Химияи  умумӣ» таъсис дода, мувофиқан ба миқдори 36 номгӯи  физика ва 12 номгӯи  корҳои лабораторӣ  аз фанни  химияи умумиро тайёр ва дастраси устодону донишҷӯён гардониданд.
Устодони кафедра  аз  соли  аввали  таъсисёбии  кафедра  густариши фаъолияти илмӣ- татқиқотии донишҷӯёнро дар маҳфилҳои  доимоамалкунандаи илмӣ бо номи «Илм ва ҳаёт» дар раванди физика ва «Химикони  ҷавон» дар раванди химия ба роҳ монда , саъю кӯшиш менамуданд, ки  он самараи  худро  диҳад.

Дастовардҳои  кафедра  дар  давоми  фаъолияташ

Тӯли  фаъолияти  кафедра аз соли 2006,  омӯзгорон  зиёда  аз 80  номгӯи  мақолаҳои  илмӣ дар  маҷаллаҳои  илмии  ҷумҳуриявӣ, беш аз  180 фишурдаи  маърӯзаҳои  илмӣ  дар  конференсияҳои   илмӣ- назариявӣ,  илмӣ-амалӣ  ва  олимони  ҷавони  ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ  ва  донишкадавӣ  ба нашр  расидаанд.
Дар  раванди таълим  зиёда аз  22 номгӯи   дастурҳои  методӣ,  нишондодҳои   методӣ   оид  ба иҷрои  корҳои   лабораторӣ, ҳамчунин   се  китоби  дарсӣ  аз  фанни физика  аз тарафи  профессор Султонов  У. ва Акрамова М.  ба нашр  расидааст.
Дар ин сол кафедра ба дастоварди нав  соҳиб шуд, китоби «Физикаи  умуми» дар ҳаҷми  575  саҳифа  бо  муалифии профессори кафедра Акрамова  Музаяна ва муаллими калони кафедра Ҳоҷиев Саидмуқил  аз чоп баромад.

 

Кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ