Кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ

Мудири кафедра: Точибоева М.И

Таҳсил

Унвони илмӣ: Номзади илмҳои педагогӣ, 

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ

Тел: +992

E-mail: 

Суроғаи корӣ: Бинои таълимии 2, утоқи № 214 К

 

Таърихи ташкилёбии кафедра

Кафедра забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дар асоси  Низомномаи  муассисаи олии таълимӣ, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, бо фармони ректори Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон аз санаи 01.10.2006с., таҳти №21 таъсис дода шудааст. Кафедраи забони давлатӣ ва забонњои хориҷӣ ҷузъи таркибии сохтори донишкада буда, дар байни донишҷӯён, омӯзгорон корҳои таълимӣ- тарбиявӣ, илмию методиро бо назардошти Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои олимони донишкада ба роҳ мемонад. Фанҳои таълимии кафедра: забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти кафедра ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, роҳбарӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷуён, ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷуён, роҳбарӣ ба корҳои илмӣ – тадқиқотии донишҷуён ва амсоли инҳо.

Санаи 21.06.06с. таҳти фармони 07 «К» аз 28.08.06с. ба вазифаи мудири кафедраи забонҳо Кенчаев Ю.К. таъин гардид. Дар соли таъсисёбии донишкада дотсент Кенҷаев Ю.К., сармуаллимон – Аминҷонова М.С., Ҷалолова З.А., Раҳмонова Х., Точибоева М.И., Туйчиева А. Д., ассистент Султонова Р.М., Темуршоева А.Ш. лаборант фаъолият мебурданд. Аз санаи 30.06.2010с., таҳти №50, «К» то 30.01.2015с. вазифаи мудири кафедраро номзади илмӣ педагогӣ, дотсент Ҷалолова З.А.  ба уҳда дошт. Аз санаи 04.02.2015с., таҳти фармони 130 «К» ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Аминҷонова М.С. таъин гардид. Мавсуф, рисолаи номзадиро таҳти унвони «Педагогические взгляды Рудаки и его современников в контексте современных проблем образования» дар Шӯрои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бомуваффакият ҳимоя намуд. Ҳамзамон, узви шӯрои диссертатсионии назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров 6D010200 мебошад.

 

Ҳайати педагогӣ

Дар соли таҳсили 2019-2020 16 нафар омӯзгорон ва кормандон зерин дар кафедра кор ва фаъолият мебаранд. Аз онњо 14 нафар штатӣ ва 2 нафар муштараквазифаи дохилӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар кафедра: мудири кафедра Аминҷонова М.С.- дотсент , Усмонов А.Р. – дотсент, Сатторова М.Ф. -дотсент, Ҷалолова З.А.- дотсент, Светличная Е.И. – омӯзгори калон, Тоҷибоева М.И. –омӯзгори калон, Одинаев Г.А.- омӯзгори калон, Баҳронова М.М. – омӯзгори калон, Баромбекова З.С.- ассистент, Нурматова М.Р.- ассистент, Симоненко Л.Ф. – ассистент, Халифаева М. Ҳ – ассистент, Хизматова Ҳ.Н.- ассистент, Силмонова С.И. – сарлаборант, Валиева М.С.- cармуаллима ва Муҳаммадиев А. Н.-ассистент (муштараквазифаи дохилӣ) фаъолият мебаранд.

 

Вазифаҳои кафедра

  • Шинос кардани донишҷӯён бо хусусиятҳои овозӣ ва сарфию наҳвии забонҳо;
  • Омӯхтани қоидаҳои имлои забонҳо;
  • Ҳосил намудани тасаввурот дар хусуси усулҳои калимасозии забони адабии ҳозираи тоҷик
  • Маълумот дар бораи воҳидҳои асосии забон: овоз, ҳиҷо, морфема, калима, таркиб, ибора ва ҷумла;
  • Омӯзонидани истилоҳоти соҳаи кӯҳию металлургӣ ва электромеханикӣ;
  • Омӯзонидани ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ.

 

Дастовардхои устодони кафедра

Устодони кафедра дар конфронсњои донишкадавию берун аз он бо маърузањои пурмуњтаво баромадњо менамоянд. Кафедра бо маркази илмии Хуҷанд ва факултети филологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров њамкорињои судманд дорад. Сањми устодони кафедра дар омода ва нашри китобњо, дастурамалњо, барномањои таълим хеле назаррас мебошад:

  • Аминчонова М. С., Монография – Педагогические взгляды Рудаки и его современников в контексте современных проблем образования, Худжанд, -2016, 154 ст.
  • Ҷалолова З.А. – Возникновение школ и развитие педагогической мысли в эпоху Сасанидов (Инкишофи афкори педагогӣ дар давраи Сосониён) соли Хуҷанд: Меъроҷ.135с.
  • Сатторова М.Ф., Структура, семантика и функции оценочных конструктов в художественном контексте поэзии (сопоставление в таджикско-русском ареале) Хучанд 2014, 150ст.
  • Валиева М. Н., Усмонов А. Р., Муњамадиев А. Н. Рањнамои таълим «Забони англисӣ» – Хуҷанд –Меъроҷ, 2016с.
  • Нурматова М. Р. Корҳои мустақилонаи донишҷӯ/ Хуҷанд – Меъроҷ 2017с.

         Кафедра бо кафедраҳои забони тоҷикӣ, методикаи таълими забони тоҷикии ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ДДҲБСТ, Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, маркази илмии Хуҷанд ҳамкорӣ дорад. Бо ташаббуси кафедра соле як маротиба оид ба тарғиби накши забон, солгарди суханварони бузург мањфили илмӣ- назариявии устодон, мањфили донишҷӯён, тањти унвони «Суханвар» мизҳои мудаввар  оид ба тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва амсоли инҳо гузаронида мешавад.

 

Базаи моддӣ-техникӣ

Дар кафедра  як утоқи дарсгузаронӣ ва 2 синфхонаи лингафонӣ мавҷуд аст, ки дар он омӯзгорон аз фанни забони тоҷикӣ,  русӣ ва англисӣ машғулиятњо  мегузаронанд.

Адабиётҳои асосӣ барои довталабон ва донишҷӯён

  • Абдуқодиров А., Давронов А. Услубиёти забони тоҷикӣ. Хуҷанд, 2005.
  • Абдуқодиров А., Умаралиева Д. Асосҳои имло ва ҳуҷҷатнигорӣ. Хуҷанд, 2001.
  • Шарипова М., Тоҳирова М. Маҷмӯаи машқҳо аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ. Хуҷанд, 2003.
  • Азимов Э.Г. Новый словарь методических терминов и понятий (теория и практика обучения языкам)/ Э.Г.Азимов, А.Н. Щукин.-М.: ИКАР, 2009.- 448 с.
  • Боженкова Р. К. Русский язык и культура речи: Учебное пособие для студентов высших учебных заведений/Р. К. Боженкова, Н. А. Боженкова. -М.: Вербум-М, 2004. 560 с.
  • Невежина М. Н., Шарохина Е. В., Михайлова Е. Б. и др. Русский язык и культура речи/Учебное пособие для студентов вузов. М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2005. – 351 с.
  • Дудкина Г.А., Павлова М.А. English for businessmen Том I, II. / Бишкек, -2005.
  • Маликов Н.Х. Худомӯзии забони англисӣ /Душанбе, –
  • Парвона Ҷамшедов Фарҳанги тоҷикӣ ва англисӣ, Душанбе, -2008.