Корҳои куҳӣ

Декани факултет

Самалова Гулӣ Мирҷоновна
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Телефон
: +992 (93) 775-79-31
Email: guli1964@list.ru

Маълумоти умумӣ

Факултети корҳои куҳӣ аз сентябри соли 2006 таъсис ёфта, сохтори он бо 4 кафедраҳои марбут ба факултет мукаммал гардид. Факултети корҳои куҳӣ то имрӯз барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои геология, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, нафту газ ва сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
Дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯи 8 ихтисос, «Корҳои зеризаминии куҳӣ», «Корҳои кушоди куҳӣ»,
«Тоза кардани канданиҳои фоиданок», «Корҳои маркшейдерӣ», «Сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ»,
«Коркард ва истифодабари конҳои нафту газ», «Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок»
ва «Пармакунии чоҳҳо» ба роҳ монда шудааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти факултет, ин ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Дар ин
самт факултет бо корхонаҳои саноатии КМ «Анзоб», КМ «Апреловка», ҶСШК «Ангишт», ҶСК «ГОК
Адрасмон», КМ «Зарафшон», КВД «Суғднафтугаз», ШКС «Тоҷикистону Хитой», ҶММ «Хуаксин Ғаюр
Суғдсемент», кумитаҳои заминсозӣ, корхонаҳои сохтмонӣ ва ғайра ҳамкориҳои илмӣ – техникӣ дошта,
дар ин корхонаҳо донишҷӯён таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломиро мегузаранд.
Факултети корҳои куҳӣ бо муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар: Донишгоҳи давлатии нафту гази
Россия ба номи И.М.Губкин (Москва), Донишгоҳи давлатии куҳии Урал (Екатеринбург), Донишгоҳи
давлатии техникии нафти Уфа, Донишгоҳи миллии куҳии Украина, Донишгоҳи илмҳои табии
Норвегия, Донишгоҳи муҳандии Португалия (Порто), Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии мардумии Чин,
Донишгоҳи давлатии геологӣ – иктишофии ба номи Серго Оржоникидзе (Москва), Донишгоҳи
техникии Кошитсаи Словакия ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Натиҷаи ҳамин
ҳамкориҳост, ки як зумра донишҷӯёни факултети корҳои куҳӣ таҷрибаомӯзии худро дар ин
донишгоҳҳои бонуфуз мегузаронанд.
Дар назди факултет маркази таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд, ки дар он донишҷӯён
метавонанд дар баробари таҳсил дар ДКМТ тариқи фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои
иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии нафту гази ш. Тюмени ФР таҳсил менамоянд.
Ҳоло факултети корҳои куҳӣ дорои якчанд синфхонаҳои компютерӣ буда, аудиторияҳо ва кабинетҳои
таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи мултимедиявӣ барои гузаронидани машғулиятҳо ва корҳои
инфиродии донишҷӯён омода мебошанд. Соли таҳсили ҷорӣ дар факултет ду озмоишгоҳи таълимии
тахассусӣ барои ихтисосҳои “Тоза кардани канданиҳои фоиданок” ва “Коркард ва истифодабарии
конҳои нафту газ” таъсис дода шуд.