Раёсати ҳисобдорӣ ва молия яке аз сохторҳои асосии Донишкада ба ҳисоб рафта, соли 2020 дар заминаи шуъбаи муҳосибот ташкил карда шудааст. Кормандони сохтори мазкур ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки моликияти Донишкадаро ҳифз намуда, маблағҳои воридшударо барои ташкили раванди таълиму тарбия, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии ин боргоҳи илму маърифат самаранок истифода намоянд.
Барои нигоҳ доштани моликияти Донишкада сохтори мазкур соле як маротиба азнавбақайдгирии молу мулкро мегузаронад. Фаъолияти раёсат соле як бор аз тарафи мақомоти андоз, як маротиба дар ду сол аз ҷониби муассис ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад.
Раёсати ҳисобдорӣ ва молия ба масъалаҳои молиявӣ ва рушди стратегии Донишкада таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тамоми ҷанбаҳои иқтисодӣ, хоҷагӣ ва молиявии онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Тамоми кормандони раёсати ҳисобдорӣ ва молия саъю кӯшиш менамоянд, ки коргузорию хизматрасонӣ ва дигар корҳои марбут ба соҳаи муҳосиботро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Сардори раёсати ҳисобдорӣ ва молия Садикова Наргис мебошад. Дар раёсати ҳисобдорӣ ва молияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 4 нафар фаъолият мебаранд.
