Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ варзишкорони донишкадаро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик кард

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ варзишкорони донишкадаро дар майдончаи калони варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору муваффақият таманно карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки  барои рушди варзиш саҳми худро дареғ надоранд ва аз имконияти мавҷуда истифода баранд. 

Ёдовар мешавем, ки дар донишкада бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол шурӯъ аз ректори донишкада, муовинон, деканҳову мудирон ва омӯзгорони ҷавону донишҷӯён либоси дорои навиштаҷоти “25-май Рӯзи ҷаҳонии футбол” ба бар намуда, аз ин ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ хуш истиқбол намуданд.