Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуд

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва нозири мизи ҳарбии ҳамин шаҳр Солеҳзода Далер бо медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуд. 

Ёдовар мешавем, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз шахсиятҳои ватандӯст ва ҷонфидо буда, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми босазо дорад. 

Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро барои ин дастовард табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо таманно менамояд.