ДУШАШБЕ, 24.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Боиси хушнудӣ ва саодатмандист, ки мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдилӣ таҷлил менамоем. Воқеан ҳам ин сана барои шаҳрвандони сарбаланди Тоҷикистон санаи хеле муҳиму муборак ва як бурҷи ифтихори ватандорӣ мебошад.
Ҳамасола Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябр таҷлил мегардад, зеро маҳз дар баробари интихоб гардидан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон замон барои муайян намудани рамзҳои давлатӣ талош намуданд ва дар ҳамин ҷаласа рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ карда шуд.
Дар ин замина аз хидматҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан хеле оқилона хоҳад буд. Чунки маҳз ҳамин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик давлати навини тоҷиконро аз нестӣ наҷот доданд ва миллатро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро умри дубора бахшиданд, ки миллати сарбаланди тоҷик ин хидмати бузургро ҳаргиз фаромӯш намесозад. Зеро бо талошу заҳмат ва ҷонфидоии Сарвари хирадманди тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз парафшон асту аз қудрати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Гуфтан зарур аст, ки таърихи давлатдории тоҷикон тӯлонӣ буда, миллати тоҷик аз зумраи ҳамон империядорони қадим мебошад. Вале дар ин роҳ тоҷикон аз шикасту парешонӣ ва таҳоҷум дур набуданд ва борҳо ҷабри таърихро чашидаанд. Ва фақат пас аз дубора ба даст овардани мустақилият соли 1991 миллати тоҷик тавонист, ки соҳиби давлати миллии хеш гардад ва мустақилона ҳамон ормони деринаашро амалӣ созад. Давлати миллии тоҷикон зери роҳбарии Сарвари хирадманду оқил, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт ва пояҳояш устувор гардид, ки инро эҳёи давлати навини тоҷикон меноманд.
Таҷлил аз Рӯзи Парчам боз ҳам ҳисси баланди ватандӯстиро дар ниҳоди насли ҷавон афзун намуда, онҳоро ба роҳи рост ва хештаншиносиву меҳандӯстӣ ҳидоят менамояд.
Бояд гуфт, ки парчамдории миллати сарбаланду саодатманди тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад ва аз 13 империяи бузурги тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Пайдоиш ва истифодаи Парчам барои миллати тоҷик аз оғози тамаддуни башарӣ сарчашма мегирад.
Парчам ё дирафш барои миллати тоҷик вожаи муқаддас аст. Аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ тоҷикон ин анъанаро расмият дода буданд, ки миллати соҳибдавлат ва дорои қудрати сиёсӣ бояд Парчами худро дошта бошад ва дар фарҳанги миллии мо парчам нишони қудрат ва тавонмандӣ низ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз замони қадим то имрӯз миллати тоҷик ба Парчам эҳтиром мегузорад ва ҳамеша онро чун нишони воло ҳифз менамояд.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки Парчами давлатӣ аз таърихи дур ва замонҳои гузаштаи давлатдории миллати тоҷик нишон аст. Тоҷикон аз замонҳои қадим давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун буданд, ки ин чиз дар тамоми маъхазҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Фарҳангсолорӣ ва муаллими башар ҳисобидани миллати тоҷик дар сарчашмаҳои таърихӣ далели миллати куҳанбунёд ва соҳибмақом будани гузаштагони мо мебошад. Парчамро гузаштагонамон нахуст ҳамчун нишони иттиҳоду ваҳдат ва рамзи мустақилияти хеш истифода менамуданд, ки ин гувоҳ аз доштани маданияти баланд ва хотираи таърихии бой мебошад.
Ровиёни таърих ва муҳаққиқон парчами давлатдории тоҷиконро бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» ё «Ахтари Ковиёнӣ» низ ёд намудаанд, ки албатта ин ҳам аз нишонаҳои империядории тоҷикон дар замонҳои мухталиф шаҳодат медиҳад. Парчам барои ҳар як миллат агар аз як ҷониб рамзи тавонмандиву қудрат ва соҳибдавлатӣ маҳсуб ёбад аз ҷониби дигар ҳамчун рамзи озодиву шуҷоат ва мустақилияти комилу покманишӣ низ ҳаст.
Ҳар як фарди огоҳу бедордил бояд Парчами миллиро эҳтиром намояд ва ба он арҷ гузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба Парчам суханони пурмуҳтаво гуфта, чунин ибрози назар намудаанд: «Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад».
Дар ҳақиқат Парчами давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол намоди бузурги давлатдорӣ ва соҳибихтиёрӣ буда, аз роҳи тӯлонии тай намудаи миллати сарбаланди тоҷик шаҳодат медиҳад.
Арҷ гузоштан ба ин санаи бузурги миллӣ, ёдовар шудан аз Рӯзи Парчами миллӣ, ёдрас шудан аз хидмати фарзонафарзандони миллат, эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ буда, инсонияти баланд ва миллати комил ва хештаншинос буданамонро нишон медиҳад.
Дар замони муосир давлати ҷавони Тоҷикистонро ба расмӣ аз рӯйи рамзҳои давлатӣ аз ҷумла нишон, парчам, конститутсия ва забони давлатӣ мешиносанду эътироф менамоянд ва хушбахтона ин ҳамаро миллати сарбаланди тоҷик дорад. Парчами миллӣ низ аз заруриятҳои аслӣ барои давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Насли ҷавон ва умедбахши тоҷикро зарур аст, ки ба рамзҳои давлатӣ арҷ гузорад ва эҳтиром қоил бошад. Зеро арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ин эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанг ва давлатдории миллӣ мебошад.
Инсони хештаншинос эҳтиром гузоштан ба Парчамро қарзи имониву виҷдонии хеш мешуморад ва ин як амри зарурӣ ва вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ мебошад.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Бознашр аз НИАТ “Ховар”