Олими ҷавони донишкада ба донишҷӯёни хориҷӣ лексия хонд

Ҷиҳати иҷрои банди 20-нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-11 июни соли 2021, №11436432(29-3.3), Донишкада кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкории тарафайн дар асоси шартномаҳои дутарафа ба роҳ мондааст, ки бо қаноатмандӣ бояд изҳор намуд, ки имрўз бо 9 донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумла,
Донишгоҳи Давлатии Бухоро
Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкант ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ
Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Намангон
Донишкадаи давлатии кӯҳии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Намангон
Донишкадаи химиявӣ-технологии Тошкент
Донишкадаи мошинсозии Андиҷон
Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент бо номи Ислом Каримов
Донишкадаи кӯҳии Нукус дар назди Донишгоҳи давлатии кӯҳию технологии Навоӣ
дар самти:
-табодули ҳайъати профессорону омӯзгорон, аспирантон ва донишҷӯён;
– иштироки муштараки донишҷӯёни ҳарду кишвар дар чорабинҳои таълимӣ ва илмӣ;
-табодули маводҳои таълимӣ, методологӣ ва илмӣ дар самти таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ;
-гузаронидани конфронсҳои муштарак, симпозиумҳо, олимпиадаҳо ва озмунҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
-Гузаронидани машғулиятҳо;
-нашри мақолаҳо дар маҷалаҳои илмӣ ва дигар нашрияҳои тарафҳо;
-ва дигар соҳаҳои хамкории мувофиқ.
шартномаҳои дуҷонибаро ба ба имзо расонидааст.
Дар ин замина, санаи 24.05.2024с. аз ҷониби муаллими калони кафедраи КККФ, номзади илмҳои техникӣ Маҳмудов Ҳасанбой Аҳмадҷонович ба омӯзгорон ва донишҷӯёни соҳаи кӯҳкории Донишкадаи кӯҳии Нукус дар назди Донишгоҳи давлатии кӯҳию технологии Навоӣ дар мавзуи “Усулҳои мавҷуда ва перспективии коркарди маъдани тиллои тобовар” тариқи маҷозӣ лексия (мастерклас) гузаронида шуд.
Инро бояд қайд намуд, ки дарс дар сатҳи баланд гузаронида шуда, бо савол ва муҳокимаҳо анҷом ёфт. Аз ҷониби, Донишкадаи кӯҳии Нукус дар назди Донишгоҳи давлатии кӯҳию технологии Навоӣ таклиф карда шуд, ки чунин дарсҳо ҳамчун ҳукми анъана гирифта шавад.