Мулоқоти профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ

Имрӯз як қатор хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боздид намуда, бо омӯзгорону кормандон суҳбат намуданд. Донишҷӯёнро мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон истиқбол намуда, бо озмоишгоҳҳои донишкада ва Парки технологӣ шинос намуд.
Ҳамзамон, донишҷӯён бо омӯзгорони собиқадори соҳа вохӯрӣ намуда, аз нозукиҳои соҳа пурсиданд.
Сипас дар толори хурди донишкада мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён ва намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён аз имкониятҳои мавҷудаи донишкада сухан ронда, ба онон барои роҳёбӣ дар соҳа чанд машварат дод.
Донишҷӯён хатмкунандагони ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва геология мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ин донишҷӯён аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Покистон, Кения буда, дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ воқеъ дар шаҳри Хоруғ таҳсил менамоянд.