МУЛОҚОТИ ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ ЯКУМИ ШУЪБАИ ФОСИЛАВӢ

Имрӯз, сардори маркази тестӣ,бақайдгирӣ ва фосилавӣ номзади илмҳои техникӣ Давлатзода Давлат бо донишҷӯёни бахши якуми шуъбаи фосилавии донишкада мулоқот намуда, ба онҳо тарзи истифода аз сомонаи таълимӣ, гуфтугӯи онлайни бо омӯзгорон, тамос ба марказ, истифода аз китобхонаи электронӣ ва дигар қоидаҳои мавҷудаи раванди таълим, имкониятҳои донишкада ва дигар масъалаҳои омӯзиш ва ташаккули касбиро фаҳмонид.
Давлатзода Давлат ҳамчунин ба донишҷӯён дар бораи ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон сухан ронда, таъкид намуд, ки Шумо донишҷӯён ҷавобан ба ин ҳама ғамхории Сарвари хирадманди мамлакат бояд ҳамеша хонему илмҳои муосирро омӯзем.
Мавсуф изҳор дошт, ки роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамоми шароитро фароҳам овардааст, то донишҷӯён хуб омӯзанду ҳамчун мутахассиси варзида ба камол бирасанд.
Донишҷӯён ҷиҳати гирифтани маълумоти бештар ба Давлатзода Давлат суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот омӯзгорони фаъол Саидов Асомиддин ва Иноятова Гулрухсор низ ба донишҷӯён машварат дода, тарзи истифодаи саҳифаи электрониро барои омӯзиши фосилавӣ фаҳмониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шуъбаи фосилавӣ амал мекунад ва хоҳишмандон метавонанд, бо ин роҳ низ мутахассиси хуб шаванду соҳиби диплом гарданд.