Имрӯз аз нахустинрӯзи фаъолияти профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ чаҳор сол сипарӣ шуд

Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ҷиҳати дар ин рӯз таъйин шудан ба сарварии донишкада ва чаҳор сол роҳбарӣ намудани муассиса ва дар ҳаёти илмӣ иҷтимоӣ ва пешрафти донишкада саҳми арзандаву босазо гузоштан, табрику таҳният гуфта, ба ректори арҷманд, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори миннатдорӣ баён менамоянд. 

Дар муддати чаҳор соли фаъолият ректори муассиса бо дилсӯзиву ғамхорӣ ҳаракат намуда, баҳри пешрафти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамоми нерӯву ҷаҳди хешро анҷом доданд, ки ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ин хидмати муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро арҷ мегузоранд. 

Воқеан ҳам бо омадани профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ талошу кӯшиши олимону омӯзгорон бештар гардида, дар соли аввали фаъолият яку якбора се нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Ҳамчунин, дар ин давра як силсила озмоишгоҳҳои наву замонавӣ дар муассиса таҷдиду азнавсозӣ ва таъсис дода шуданд. 

Маҳз бо талошҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бинои хобгоҳи донишҷӯён, майдончаи теннис, бинои асосии донишкада пурра аз таъмир бароварда шуд, ки ин ҳам ғамхорӣ ба донишҷӯёну аҳли ДКМТ мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки маҳз дар ҳамин давра зиёда аз 10 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд.

Чандин маротиба ба донишҷӯёни камбизоат, ятимони кулл, нимятим кӯмакҳои яквақтаина ва мудовим расонида шуд, ки ин ҳам аз инсонияти баланди профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳодат медиҳад . 

Ҳамчун роҳбар профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал оварда, донишкадаро ҳамчун муассисаи калидӣ муаррифӣ намуд. 

Маҳз бо ташаббуси профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ имрӯз омӯзгорони донишкада аз сатҳи омӯзгорӣ, ходими илмӣ ба сатҳи омӯзгор ва коршиноси байналмилалии соҳаи худ табдил ёфтанд, ки ин ҳам муваффақият мебошад. 

Умуман, талошу кӯшишҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчун роҳбари ҷавон ва умедбахш баҳри рушди муассиса беназир аст ва мо ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ин ҳама заҳмату талош ва азхудгузарии профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ҳаргиз фаромӯш намесозем ва ҳамеша қадр менамоем. Чунки Бахтиёр Маҳмадалӣ аз роҳбароне ҳаст, ки новобаста аз таҷрибаи баланди корӣ ва мактаби хоси роҳбарӣ боз инсонияти баланд дорад ва ин чиз роҳбари донишкадаро мақбули ҳамагон гардонидааст. 

Бори дигар рӯзи таъйин шудан ва ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омадан хуҷаста бод муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Бо эҳтиром, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон