Варзиш

Аз 6 то 30-юми апрел спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд баргузор
гардид. Дар он дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят варзишгарони донишкада фаъолона
ширкат варзида ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд. Ёдрас карда мешавад, ки спартакиада аз рӯи
10 намуди варзиш
баргузор гардид. Дастовардҳои варзишгарони донишкада дар ин мусобиқа хело назаррас мебошад.
Файзов Диловар – донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 27010109 дар намуди гӯштини озод, Мӯминов Зоҳир –
донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 51020103 дар намуди гӯштини миллӣ, Ҳаитов Р. – донишҷӯи бахши 4
ихтисоси 440101 дар намуди гӯштини озод соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Абдуалимов Азимшо – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 27010109 дар намуди гӯштини миллӣ ва самбо,
Бозоров Нурулло – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 430101 дар намуди гӯштини миллӣ ва дзю-до, Хуршеди
Шукрулло – донишҷӯи бахши 1 ихтисоси 510202 дар намуди гӯштини дзю-до, Одинабеков Нуриддин –
донишҷӯи бахши 1 ихтисоси 27010109 дар намуди гӯштини озод сазовори мақоми дуюм гардиданд.
Шарипов Сайдулло – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 510201 дар намуди гӯштини миллӣ ва дзю-до,
Абдуллозода Саидолим – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 70020106 дар намуди гӯштини миллӣ, Хуршеди
Шукрулло – донишҷӯи бахши 1 ихтисоси 510201 дар намуди гӯштини миллӣ, Сафарбеков Аҳмад –
донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 27010109 дар намуди самбо, Сӯфизода Меҳроб – донишҷӯи бахши 4
ихтисоси 70020106 дар намуди дзю-до, Бозоров Нурулло – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 430101 дар
намуди гӯштини озод, Тоҷидинов Ҳуснидин – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 51020102 дар намуди бокс,
Камолов А. – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 42010104 дар намуди бокс соҳиби мақоми 3-юм гардиданд.
Дар умум донишҷуёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар ин спартакиада соҳиби 23 медал
гардиданд. 4 нафар донишҷуён, Файзов Диловар – донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 27010109 дар намуди
гӯштини озод ва Ҳаитов Р. – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 440101 дар намуди гӯштини озод, Мӯминов
Зоҳир – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 51020103 дар намуди гӯштини миллӣ, Бобоев Аскар –донишҷӯи
бахши 2 ихтисоси 42010104 дар намуди таэквандо ба спартакиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти роҳхат гирифта, мақоми 3-юм ва медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.
Мӯминов Зоҳир – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 510201-03 дар намуди гӯштини миллӣ ба аъзогии дастаи
яккачини ҷумҳуриявӣ шомил гардида, ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон
баргузор мегардад, роҳхат ва ҳуқуқи иштирок карданро соҳиб шуд.
Аз 08.12.2015с. то санаи 16.12.2015с. дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия Ҷоми ҷаҳон аз рӯи
гуштини камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 2, ихтисоси 360101 Маматқулов А. дар
вазни 81 кг иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гардида, бо Ифтихорнома ва медали биринҷӣ сарфароз
гардид.

 

Варзишгарони беҳтарин