Вохӯриву мулоқоти кормандони БДА бо донишҷӯён

Санаи 28-уми ноябри соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва судманди раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ШБДА РВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ШБДА-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо донишҷӯён  мулоқоту вохӯрӣ доир гардид. Дар вохурӣ сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи ШБДА РВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳакимзода Ҷаҳонбин, сардори шуъбачаи назорат ва таъмини ҳаракат дар роҳи ШБДА РВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Шарипов Искандар, нозири шуъбачаи ташвиқот ва тарғиботи ШБДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд лейтенанти калони милитсия Сангинов Н.С., сардори ШБДА-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон лейтенанти калони милитсия Ҳотамов Меҳробшоҳ ва нозири калони ХРД ШБДА-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон лейтенанти калони милитсия Холиқзода Алиҷон зимни вохӯрӣ дар мавзӯи “Вазъи садаманокӣ дар миқёси вилоят ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати иҷроиши Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳозиршавии донишҷӯён бо мошини шахсӣ ба дарс”, матраҳ карда шуд ва як силсила масъалаҳо баррасӣ карда шуд. 
Вохӯриро мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи донишкада Муслимзода Хайём бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зикр намуд, ки ҳамкориҳои судманди раёсати донишкада бо шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ШБДА-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, бо мошинҳои шахсӣ наомаданӣ донишҷӯён ба муассисаи таълимӣ мунтазам тақвият меёбад.
Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии ҷумҳурӣ фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31.03.2007 таҳти рақами 394 ба тавсиб расидааст. Тибқи фармоиши мазкур бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, халал нарасонидан ба рафти ҷараёни таълим истифодаи телефонҳои мобилӣ ва бо мошинҳои шахсӣ омадани донишҷӯён манъ карда шудааст.