БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ин санади муқаддасро бахтномаи миллат арзёбӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳар миллати соҳибдавлат ва озоду соҳибистиқлол,  доштани давлати миллӣ муҳим буда,  ҳамин чиз ормони аслӣ аст. Барои миллати тоҷик низ дар ҳазорсолаи таърих ҳадафи аслӣ ва ормони бузург –ин доштани давлати миллӣ маҳсуб мешуд, ки ин андеша дар мағзу устухони мардум ҷой гирифта буд.

Соли 1991 миллати тоҷик расман соҳиби давлат гардида, соҳибихтиёр шуд. Дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ нақшу мақоми абармарди арсаи сиёсат, фарзанди бонангу номуси миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузуг аст ва маҳз ба ҳамин далел аҳли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сомонии сонӣ, эҳёгари давлати навини тоҷикон ёдовар мешаванд, ки ин ҳақиқати бебаҳс мебошад.

Барои як миллати пешрафтаи соҳибдавлат доштани рамзҳои давлатӣ ва конститутсия хеле муҳим аст ва дар ҷараёни сохту сози давлатдории миллии тоҷикон ин масъала ба таври амиқ баррасӣ гардид.  Соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-қонуни асосии давлати тоҷикон, паноҳгоҳи ҳуқуқии ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ қабул шуд, ки ин санаи муҳими таърихӣ барои миллати соҳибихтиёри тоҷик мебошад.

Қабули Конститутсияи нав барои миллати сарбаланди тоҷик махсусан дар замони соҳибистиқлолӣ амри муҳим ва саривақтӣ буду кафолати осоиштагиву оромии миллат. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонуни асосӣ шароити зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандон танзим мешавад, ки ин барои миллати бузурги тоҷик хеле зарур аст.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини олам ҷойгир аст, ки ин аз маърифати баланд, дониши амиқ ва ҷаҳонбинии васеи миллати тоҷик сарчашма мегирад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Конститутсия санади олӣ буда, ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.  Ҳарчанд мо  чунин санад доштем, аммо он ҳама аҳдофу ниятҳои давлату миллатро бароварда намесохт ва ба талаботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавобгӯ набуд. Дар Конститутсия имрӯз ба гуманизм, нақши инсон ва озодиҳои ӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар он моддаи алоҳида дар бораи инсон ва озодиҳои ӯ мавҷуд аст, ки ин аз кафолати ҳифзи арзишҳои инсонӣ шаҳодат медиҳад. Ба ибораи дигар бигӯем, ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми ҷумҳурӣ ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Конститутсия заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Мо аз таърихи давлатдории қадими хеш медонем, ки гузаштагонамон ба муҳим будани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъкид менамуданд. Маҳз аввалин маротиба дар таърихи насли башарият Куруши Кабир Эъломияи ҳуқуқи башарро таҳия намуд ва инсонро ҳамчун арзиши олӣ арҷгузорӣ намуд, ки ин ҳам аз хиради воло ва азалии миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Миллати хирадманд ва доно инсонро арзиши олӣ медонад, қавми камхирад ва сустниҳод инсонро қадр намекунад, ки ин иштибоҳи бузург мебошад ва ҳамин аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди инсон ва озодиҳои ӯ махсус таъкид гардидааст, ки ин аз ҳофизаи бузурги таърихиву башардӯстӣ шаҳодат медиҳад.  Миллати тоҷик барин миллати бузург ва башардӯст дар олам кам аст ва ин ба бақои башарият ва тақвияти сулҳ дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Констититутсияро дар тарзи ҳаёти солим ва давлатдорӣ муҳим ва муассир арзёбӣ намуда, роҷеъ ба ин масъала чунин изҳори андеша намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Воқеан ҳам барои мо доштани ин санади муқаддас хеле муҳим аст ва ин ифтихори бузурги мо низ ҳаст, ки дар он арҷгузорӣ бар тамоми насли башар дарҷ ёфтааст ва шояд дигар давлатҳо чунин конститутсияи универсалӣ надошта бошанд. Конститутсия- ин бахтномаи миллати тоҷик аст ва ҳар касе, ки онро дарк намуда,  моҳияташро фаҳмад, саодатмандона зиндагӣ менамояд. Миллати сарбаланди тоҷик дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки зери сарварии фарзонафарзанди миллат, абармарди арсаи сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳон исбот намояд, ки тарафдори сулҳу дӯстӣ ва арҷ гузоштан ба насли башар мебошад.

Ҳар шаҳрванд бояд моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк намояд, то саодатмандтарин шаҳрванди ҷумҳурӣ бошаду хушҳолона зиндагӣ намояд. Конститутсия барои шаҳрвандони мамлакат роҳнамо ва ҳомӣ аст ва бояд ба ин Қонуни асосӣ эҳтиром гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ин масъала чунин иброз намудаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия- ин эҳтиром гузоштан ба инсон ва озодиҳои ӯ, эҳтиром гузоштан ба давлатдории миллӣ ва фаъолияту бақои он мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар шаҳрванд бояд ба ин муқаддасот арҷ гузорад ва моҳияти мавҷудияти онро дар худ таҳмил созад, то ҳамчун шаҳрванди озодбахти Тоҷикистон шаҳди саодати ҳаётро бичашад.

Ин нуктаро набояд фаромӯш сохт, ки Конститутсия ба таҳкими ҳаёти осоишта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи адолатпарвар замина мегузорад ва асос барои танзими зиндагии осоиштаву тинҷу ором мегардад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ

АКС: АМИТ «Ховар»