Тибқи ҷадвали Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз санаи 20.05.2024 с. донишҷӯёни бахши дуюми ихтисосҳои 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ва 510101 – Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки кафедраи Геология ва корҳои нафту газ таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоиро оғоз намуданд.
Тибқи тақсимот донишҷӯёни ихтисоси 510101 ба КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” ва 510202 ба ҶСК “Суғднафтугаз” равона карда мешаванд. Роҳбари таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯёни ихтисоси 510101 – ассистенти кафедра Ғуломҳайдарова Х.М. ва ихтисоси 510202 – муаллими калони кафедра Почоев А.А. мебошанд.
Аз рӯи барномаи гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ, санаи 20.05.2024 с. аз тарафи роҳбарони таҷрибаомӯзи пеш аз сафарбар шудан ба корхонаҳои саноатӣ, дастур оид ба риояи техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сухтор дода шуд. Ба ғайр аз ин, донишҷӯён аз озмоишгоҳи нафту газ, осорхонаи минералогӣ ва дастгоҳи нафткашӣ дар худи донишкада шинос шудаанд.