Баргузории семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони донишкада бо ширкати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсия-бахтномаи миллат” гузаронида шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини декани факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ  оид ба илм  Ахмедова Гулшан иттилоъ дод.

Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Конститутсия дар танзими ҳаёти ҷомеа ва ташаккули низоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, низоми констиутсионӣ ва тарзи қабули он аз ҷониби халқ гуфта гузашт. Мавсуф таъкид намуд, ки дар тарзи таҳия ва қабули он аз ҷониби халқ нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург мебошад ва маҳз бо ҷоннисориҳои ин абармарди арсаи сиёсат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон шомили панҷгонаи беҳтарин конститутсияи дунё мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати моро бо сифатҳои соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд. Як ҷиҳати фарқкунандаи ин ҳуҷҷат аз дигар конститутсияҳои қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки аз як сӯ волоияти меъёрҳои қонун, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар мекунад, аз сӯйи дигар вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро мушаххас менамояд.

Ҳамчунин, дар семинари имрӯза мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бӯстон номзади илмҳои таърих, дотсент Зоирӣ Ғафурҷон дар мавзӯи “Конститутсия ва нақши он дар пойдории давлат ” баромад намуда, роҷеъ ба қабули конститутсия ва оғози давлатдории навини тоҷикон, нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани обрӯи миллат дар арсаи байналмилалӣ, муайян намудани масири рушди кишвар сухан ронда, конститутсияро як санади муҳим ва бисёр ҳам зарурӣ барои миллати пешрафта ва нажоди олӣ ҳисобид. Сипас, омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Холова Фахриниссо дар мавзӯи “Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши асосии ин Иҷлосия дар лаҳзаҳои душвори таърихии миллат ва ҳалли масоили бисёр ҳам зарурӣ ва ҳамзамон нақши бузургмардони арсаи сиёсат дар ин давра ёдовар шуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур аз ҷониби факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ гузаронида шуд.