Баргузории мизи мудаввар дар хобгоҳи донишҷӯён

Имрӯз дар хобгоҳи рақами 3- и донишкада бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ, шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи донишкада тибқи нақшаи тасдиқшуда мизи мудаввар бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоӣ Абдуллоев Икром ва дигар омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқшиноси донишкада, се муовини декан оид ба  тарбии факултетҳо ва  50 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар мизи мудаввар мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ, дотсент Абдуллоев И. Р., омӯзгорони калони ин кафедра Самиев Б., Холова Ф. оид ба самтҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои мизи мудаввар байни омӯзгорон ва донишҷӯён муколамаи хубе сурат гирифт.