Баргузории маҳфили ” Маҳорати ҷавонмардӣ” дар хобгоҳи донишкада

Ин бегоҳ пас аз анҷоми соати корӣ дар хобгоҳи рақами яки донишкада бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, деканҳои факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон, факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон ва дигар омӯзгорон донишҷўён чорабинии ҷолиби шавқовари зеҳнӣ ва адабӣ дар доираи нишасти навбатии маҳфили “Маҳорати ҷавонмардӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба таълиму тарбия, риояи қоидаҳои будубош дар хобгоҳ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки чорабинии мазкур ҳам барои рӯҳбаланд гардонидани донишҷӯёни муқими хобгоҳ роҳандозӣ шудааст ва донишҷўён метавонанд аз рӯи шартҳои қаблан эълонгардида, фаъолона ширкат варзанд.
Сипас муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон суханронӣ карда, дар бораи тарбияи ватандӯстӣ, ғурури миллӣ, номуси ватандорӣ ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ гуфта гузашт.
Баъдан, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон суханронӣ карда, дар бораи шартҳои бозӣ, донишсанҷиҳо, гузаронидани бозиҳову озмунҳои маҳорат гуфта гузашт ва оғози бозиро бо муаррифии аъзоёни ҳакамон эълон намуд.

Бо гузаронидани чанд шарти бозӣ ва маълум намудани ғолибон ҳайати раёсат ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили навбатии “Маҳорати ҷавонмардӣ” бо ташаббуси мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон гузаронида шуд, ки дар интиҳои маҳфил ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мавсуф изҳори миннатдорӣ баён кард.