Баргузории конфронси дуюмини байналмиллалӣ дар донишкада бахшида ба Рӯзи геология

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дуюмин конференсияи анъанавии​ байналмилалии илмӣ- амалӣ бахшида ба Рӯзи геология таҳти унвони “Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”​ бо ширкати олимону роҳбарони як қатор муассисаҳои олии кишвар ва кишварҳои дӯст баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба Рӯзи геологияи тоҷик табрику таҳният гуфта, сипас дар бораи рушди геология, имкониятҳои соҳа, масъалаҳои мубрами геология, имкониятҳои техникӣ, аҳамияти соҳа дар рушди иқтисодиёт , муҳайё сохтани шароити омӯзишу таҳқиқот, истифода аз технологияи муосир, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи геология, саноатикунонии босуръати кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки имрӯз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геология хеле рушд намуда, дар ин замина кадрҳои донишманд ва баландихтисос омода карда шуданд ва аллакай як силсила муаммоҳои мавҷудаи соҳа ҳалли худро ёфт.

Сипас, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатторова Наргисахон суханронӣ намуда, номаи табрикотии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонид.
Ҳамчунин дар қисмати ифтитоҳӣ мудири кафедраи геологияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ доктор Муҳсин Муаззин, доктори илмҳои техникӣ профессори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Розиқов Зафар, ба тариқи онлайн директори Донишкадаи геология ва корҳои нафту газ Ҷумҳурии Ироқ Муҳаммад Ҷавод Зайналобиддин, намояндаи Тоҷикистону чинии саноати кӯҳӣ Саидраҳмон Саидаллоҳ, Ши Гуанжи профессори Донишгоҳи захираҳо ва муҳити зисти Ҷумҳурии мардумии Чин, ба тариқи онлайн директори Донишкадаи кӯҳии Нуқуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Каипбергенов Отабек Тулепбергенович, омӯзгори варзидаи кафедраи геология ва корҳои нафту газ Усмонов Ш суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур меморандуми ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳии Нуқуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор фаъолон сипомнома ва сертификатҳоро тақдим дошта, ба ҳамагон ҷиҳати мубодилаи афкор изҳори миннатдорӣ баён намуд. Баъдан кори конфронс дар бахшҳо идома пайдо кард. 

Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ гузаронида шуд. 

Гуфтан ба маврид аст, ки ба унвонии баргузоркунандагон зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон мақолаҳои илмӣ ирсол карда шуд.