Таҷҳизоти мазкурро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат тақдим намуд. Ин таҷҳизоти дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Швейтсария таҳти унвони “Идораи обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Helvetas Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо IGRAC ва IHE-Delft амалӣ мешавад, ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Таҷҳизоии мазкур барои гузаронидани мониторинги оби зеризаминӣ, баҳодиҳии сифати болоӣ ва зеризаминии об, барои гузаронидани таҳқиқоти гидрогеологӣ, гузаронидани мониторинги экологӣ ва дигар корҳои озмоишгоҳӣ истифода бурда мешавад.
Мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер иттилоъ дод, ки ин таҷҳизот аз муосиртарин ва охирин модел мебошад, ки феълан ду дона дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва бо ин таҷҳизот гузаронидани таҳқиқот ва таҳлилу корҳои озмоишӣ хеле осон ва дақиқ мебошад. Истифода аз ин таҷҳизот ҷараёни омӯзиш ва таҳқиқро метезонад.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мутахассисони сатҳи баланд ва дорои таҷрибаи кор дар ширкатҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд. Ва ин барои рушди ҳамкориҳои илмӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов
