Азизов Қурбон Мирзоевич
Сардори шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ
Шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ
Шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ, яке аз сохторҳои бонуфузи донишкада буда, мувофиқи вазифагузорц дар сохтори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳайати Раёсат мебошад.
Шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ дорои 46 коргар буда аз онҳо, 1 нафар масъули бунгоҳи тиббӣ, 2 нафар муҳандисон, 4 нафар мудири бино, 1 нафар ронанда, 12 нафар муҳофизон, 1 нафар дуредгар, 1 нафар кафшергар, 1 нафар челонгар, 3 нафар боғбон ва боқимонда фарошону тагрубон кор ва фаъолият менамоянд.
Кор ва фаъолияти шуъба тибки низомнома ва оинномаи донишкада ба роҳ монда шуда аст.
Вазифаи асосии кормандони шуъба, ин нигоҳубини биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, биноҳои ёрирасон, кабудизоркунӣ, нигоҳубини дарахтҳо ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди донишкада мебошад.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дорои 2 бинои таълимӣ, 3 бинои ёрирасон, 2 хобгоҳ, 3 майдонҷаи варзишӣ, таълимӣ ва муҳандисӣ ва парки технологӣ мебошад.
Бинои таълимии асосӣ: аз 3 ошёна ва таьхона иборат буда, дорои 50 хуҷраи корӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 5 синфхонаи компутерӣ, 1 маркази тестӣ, 3 толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва хуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар ин бино як нафар мудири бино, 3 муҳофиз ва 9 нафар фарошон ҳамарӯза барои муҳофизат, нигоҳдории амволи бино ва тозаву озода нигоҳ доштан фаъолият менамоянд.
Бинои таълимии №1: аз се ошёна иборат буда, дорои 33 хуҷраи корӣ, 21 синфхонаи таълимӣ, 3 синфхонаи компутерӣ ва хуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар ин бино як нафар мудири бино ва 3 нафар фарошон ҳамарӯза барои нигоҳдории амволи бино ва тозаву озода нигоҳ доштани он муазаф карда шудаанд.
Бинои хобгоҳи №1: аз 4 ошёна ва таьхона иборат буда, дар ҳар як ошёнаи он 28 хуҷраи истиқоматӣ, 2 ошхона, 2 хоҷатхона, 1 хамомхона, хонаи либосшӯи ва толори хониш иборат аст. Дар ин бино як нафар мудири бино, 3 нафар муҳофиз ва 3 нафар фарошон ҳамарӯза барои нигоҳдории амволи бино, муҳофизат ва тозаву озода нигоҳ доштани он вазифадор карда шудаанд.
Бинои хобгоҳи №2: аз 3 ошёна ва тагхона иборат бада, дар ҳар як ошёнаи он 29 хуҷраи истиқоматӣ, 1 ошхона, 2 хоҷатхона, 1 хамомхона ва толори хониш иборат мебошад, ки ҳамаги барои 210 нафар истиқоматкунанда ҷой омода карда шудааст. Айни замон 12 нафар омӯзгорон дар ошиёнаи якум истиқомат мекунанд. Дар ин бино як нафар мудири бино ва 1 нафар фарошон ҳамарӯза барои нигоҳдории амволи бино ва тозаву озода нигоҳ доштани он вазифадор карда шудаанд.
Бинои Конфутсия: Дар шафати бинои таълимии рақами 1, ҷойгир буда, дорои 5 ҳуҷраи корӣ, 4 синфхонаи таълими ва хуҷраҳои ёрирасон мебошад, аз тарафи масъулони бинои таълимии рақами 1 нигоҳубин карда мешавад.
Биноьои ёрирасон: бинои кафедраи ташкили ҳамлу нақл, металлургия ва коркарди канданиҳои фоиданок, устохона, анборҳои нигоҳдории таҷҳизот ва автомобилҳо, бинои парки технологӣ.
-Дар бинои кафедраи ташкили ҳамлу нақл, 3 хуҷраи кори, 3 синфхонаи таълимӣ ва хуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои тозаву озода нигоҳ доштан як нафар фаррош муаззаф карда шудааст.
-Дар бинои кафедраи металлургия бошад, 3 хуҷраи корӣ, 2 синфхонаи компутерӣ, 3 лаборатория, 2 синфхонаи таълимӣ ва хуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои тозаву озода нигоҳ доштан як нафар фаррош низ муаззаф аст.
-Дар бинои кафедраи коркарди канданиҳои фоиданок бошад, 2 хуҷраи кори, 5 синфхонаи таълимӣ, 1 толори лексионӣ ва хуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои тозафу озода нигоҳ доштан як нафар фаррош кор мекунад.
Дигар биноҳои ёрирасон бошад, шахсони масъули бино, барои тозаву озода нигоҳ доштан муаззаф карда шудаанд.
Назорати шабонарӯзии биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, биноҳои ёрирасон ва ҳудуди донишкада ба зимаи муҳофизон ва мудирони бино вогузор карда шуда, таьти назорати ҷиддц ыарор дода шудааст.