ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ БО ҶДММ “АЁН ЭНЕРДЖИ”

Тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи барқ, баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён, густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои барқтавлидкунанда ва назорати он, татбиқи назария ба амалия, пурра ҷорӣ намудани низоми дуалии таълим кафедраи таъминоти барқи Донишкада бо ҶДММ “АЁН энерджи” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи таъминоти барқ Эшов Зулфон иттилоъ дод.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишҳои амалии донишандӯзон дарси амалӣ-машваратии донишҷӯёни бахшҳои сеюм ва чаҳоруми ихтисосҳои 530104-05 – воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи электроэнергия ва 430103-01 – таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ дар ҶДММ “АЁН энерджи” баргузор карда шуд.
Донишҷӯёнро омӯзгорони варзидаи кафедраи таъминоти барқ Абдилламидов Н., Мирбобоев Р.Р., Абдуллоев М.А., Олимова Ф., Шокирова И., Шарифов А.ва мудири ҳамин кафедра Эшов Зулфон ҳамроҳӣ намуданд.
Пас аз баргузории дарси амалӣ-машваратӣ ба роҳбарияти ширкати “АЁН энерджи” миннатдории раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон расонида шуд.
Қайд бояд кард, ки санаи дуюми сентябри соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими расмии ба истифода додани неругоҳи фотоэлектрикии «Ашт» бо иқтидори 250 МВт, ки бо ташаббуси ширкати “АЁН ЭНЕРДЖИ” бунёд гардидааст, иштирок намуданд. Неругоҳи фотоэлектрикии Ашт дуюмин манбаи тавлидкунандаи барқи аз ҷиҳати экологии тоза дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои пайваст намудани иқтидори нави тавлидкунандаи неруи барқ ба низоми ягонаи энергетикии кишвар инфрасохтори зарурии энергетикӣ бунёд карда шудааст. Аз ҷумла, хати ҳавоии ду занҷираи интиқоли барқи 220 кВ бо дарозии 9,8 км сохта шудааст, ки неругоҳро бо зеристгоҳи «Ашт» 220/110/6 кВ пайваст менамояд. Дар масири хати мазкур 36 такягоҳ насб карда шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, бо зиёда аз 70 корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои барқтавлидкунанда ҳамкорӣ дорад.
Шуъбаи иттилоот