КОНСТИТУТСИЯ ВА АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ-баргузории семинари илмӣ амалӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Дар толорри шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсия ва арзишҳои давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳид дар мавзуи “Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон”, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мухторзода Киромиддин дар мавзуи “Моҳият ва тайиноти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  раиси собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Бӯстон Ашӯров Абдурауф дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар таҳкими сулҳу ваҳдат” ва декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ” маъруза намуданд.

Таъкид карда шуд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва барқарор гардидани сохтори конститутсионӣ бениҳоят бузург мебошад. 

Гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат ва сандаи сарнавиштсоз буда, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар фарҷом муҳокимаронӣ сурат гирифта, ҳозирин нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва мутамаддин муҳим арзёбӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси садорати факултети электромеханика баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот